Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди манъи сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар Қирғизистон


Вакили порлумони Қирғизистон Айнуру Алтибоева лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки тибқи он сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ мешавад. Вакили порлумон дар ин бора дар як мизи гирд дар робита ба зиёни сигор дар шаҳри Бишкек хабар дод. Бар асоси лоиҳа, соҳибони қаҳвахонаҳо наметавонанд барои сигориҳо ҷойи махсус ҷудо кунанд.

Сар аз 1 январи соли 2018 дар Қирғизистон аксизи тамоку боло рафт. Ду соли оянда қимати сигор 10-сомӣ (муодили 1,4 сомонӣ) боло хоҳад рафт. Дар Қирғизистон дар солҳои охир шумори мардони сигории аз 25 то 50 ба маротиб кам шуда, аммо шумори занони сигорӣ афзудааст.

XS
SM
MD
LG