Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаҳои маргбори Толибон даҳҳо афсари полис кушта шуд


Даҳҳо афсари полис дар Афғонистон дар натиҷаи ду ҳамлае, ки Толибон ба дӯш гирифтанд, ҷон доданд. Ин ҳодисаҳо дар шимол ва маркази Афғонистон рӯзи 16 октябр ва дар остонаи интихоботи парлумонии ин кишвар баргузор шуд. Қаблан шӯришиён гуфта буданд, ки ҷараёни интихоботро халалдор мекунанд. Ҳамлаи ҷангиён ба посгоҳҳои амниятӣ дар вилояти шимолии Самангон боиси кушта шудани 7 афсари полис ва аз ҷумла, муовини раиси полиси вилоят Абдулатиф Иброҳимӣ шуд. Ҷангиёни Толибон дар ноҳияи Дараи Суф ба чанд посгоҳи амниятӣ ҳамла карданд. Дар ҳамлаи Самангон инчунин 5 нафар маҷрӯҳ шуд. Дар вилояти марказии Дайкундӣ садҳо ҷангии мусаллаҳ бо силоҳҳои сангин ба посгоҳҳои амниятӣ дар ноҳияи Каҷрон ҳамла карданд. Дар ин вилоят 8 сарбози афғон ва панҷ афсари полис кушта шуданд. Дар як изҳороташ Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯши ин гурӯҳи шӯришӣ вогузор кард. Вай гуфт, ки дар Самангон 30 ва дар Дайкундӣ 19 низомиву афсари полис кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG