Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби даҳҳо хона дар наздикии роҳе, ки аз онҷо президент мегузарад


Дар деҳаи Байтқурғони ноҳияи Кибрайии вилояти Тошканди Узбекистон беш аз 100 манзил тахриб ва даҳҳо хонаводаи дигар огоҳӣ гирифтанд, ки хонаҳояшон вайрон карда хоҳад шуд. Вайронсозии хонаҳо ба хотири васеъгардонии роҳи убури президенти Узбекистон аст.

Яке аз соҳибхонаҳо дар ин деҳа акси манзилҳои тахрибшударо ба расонаҳо фиристод. Ба гуфтаи соҳибхона, ки нахост номаш зикр шавад, мақомоти маҳаллӣ ба соҳибони хонаҳо ҷуброн напардохтаанд.

"Бинед, бо мо чӣ карданд: на маблағ дорем ва на манзили дигар. Ба мо кумак кунед. Раиси ноҳияи Кибрайӣ ба мо манзил ваъда карду рафт. Вале ба мо гуфтанд, ки ҳоло дар хонаҳои наздиконатон истиқомат кунед", - гуфт ин сокини маҳаллӣ.

Як мақоми маҳаллии ноҳияи Кибрайӣ хабар дод, тахриби манзилҳо барои васеъсозии роҳи убури президент анҷом мешавад. "Сокинони хонаҳои тахрибшуда муваққат дар бинои осоишгоҳ ва хонаҳои наздиконаш ҷо дода шудаанд. Онҳо то охири соли ҷорӣ соҳиби хонаи нав хоҳанд шуд", - гуфт ин мақомдор.

Ин дар ҳолест, ки фаъолони маҳаллӣ мегӯянд, интизор меравад, наздики 200 хонаи дигар дар канори роҳи президентгузар вайрон карда шавад.

XS
SM
MD
LG