Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корманди Афви Байналмилал дар Ингушистон рабуда ва шиканҷа шуд


Олег Козловский
Олег Козловский

Команди созмони ҳуқуқи башари Афви Байналмилалӣ Олег Козловский, ки барои омӯзиши намоишҳои эътирозӣ ба Ингушистон рафта буд, аз ҷониби нафароне, ки худро корманди идораҳои ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карданд рабуда ва шиканҷа шуд. Ин хабар рӯзи 15 октябр дар сомонаи созмон пахш шуд.

Худи Козловский дар Фейсбук навишт, ки ҳодиса рӯзи 6 октябр, як рӯз баъди расиданаш ба пойтахти Ингушистон - шаҳри Магас рух дод. Намоишҳои эътирозӣ алайҳи созиши табодули замин бо Чеченистони ҳамсоя дар ҳамин шаҳр ҷараён доранд.

Нафаре, ки худро намояндаи мухолифин муаррифӣ кард, Кословскийро бо фиреб ба мошин нишонда ва ҳамроҳ бо ду марди ниқобпӯш ӯро ба канораҳои шаҳр бурданд.

Онҳо худро кормандони Идораи мубориза бо экстремизм муаррифӣ карда, бо таҳдиди куштан Козловскийро маҷбур карданд, ки либосҳояшро бадар кунад, ӯро бо ин ҳол сурат гирифтанд ва маҷбур карданд, ки ҳадафи омаданашро бигӯяд. Дар ҷараён шиканҷа милли таппонча дар пушти сараш буд. Одамрабоён тавре вонамуд карданд, ки ҳоло ӯро мепарронанд. Онҳо баъдан Козловскийро ба қаламрави Осетияи Шимолӣ бурданд ва дар онҷо партофтанд.Таҳдид карданд, ки дар бораи вазъи Ингушистон чизе нанависад, вагарна зану бачаҳояш кушта мешаванд. Онҳо телефон ва дастгоҳи наворбардории Козловскийро бо худ бурданд.

Козловский 7 октябр ба Маскав баргашт ва гуфт, ки аз рӯи ин ҳодиса ба Кумитаи тафтишот шикоят кард.

XS
SM
MD
LG