Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳзода Ҳарри ва Меган Маркл кӯдакдор мешаванд


Шоҳзода Ҳарри ва Меган Маркл баччадор мешаванд
Шоҳзода Ҳарри ва Меган Маркл баччадор мешаванд

Маликаи Британия Елизаветаи II баҳори соли оянда соҳиби боз як набераи дигар хоҳад шуд. Шоҳзодаи Британия Ҳарри ва ҳамсари ӯ - ҳунарманди амрикоӣ Меган Маркл нахустин бачаи худро интизоранд. Кӯдак баҳори соли 2019 таваллуд мешавад ва дар навбати расидан ба тоҷу таҳт дар ҷойи ҳафтум қарор мегирад.

Маросими никоҳи Ҳарри ва Меган моҳи майи соли равон дар қасри Виндзор баргузор шуд ва баъди издивоҷ Малика ба онҳо унвони "гертсог"-ро тақдим кард. Меган 36 сол дорад ва ин дуюмин издивоҷи ӯст. Ӯ аввалин ҳунарманд ва амрикоии дорои решаҳои африқоӣ аст, ки бо шоҳзодаи Британия издивоҷ кардааст.

XS
SM
MD
LG