Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба бунёди нахустин неругоҳи ҳастаии Узбекистон оғоз мебахшад


Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 13 октябр гуфт, ки дар поёни гуфтугӯҳои Тошканд чанд санади муҳим имзо ва сохтмони нахустин неругоҳи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ шуруъ мешавад.

Неругоҳи ҳастаӣ дар наздикии обанбори Тудакул, воқеъ дар 25-километрии шимолу шарқи Бухоро бунёд мешавад. Ин макон ба талаботи сохтмони неругоҳи ҳастаӣ мувофиқ аст.

Ширкати "Росатом"-и Русия тасмим дорад, маҷмуаи иборат аз ду блоки энержӣ бисозад. Иқтидори неругоҳ аз 2300 МВт иборат хоҳад буд. Ин миқдор барқ 20% талаботи Узбекистонро таъмин мекунад. Биноба барномарезии мақомоти Узбекистон, неругоҳи ҳастаӣ то 4 миллиард метри мукааб гази табииро сарфа мекунад ва солона то 600 миллион доллар даромад меорад.

Мухолифони сохтмони неругоҳи ҳастаӣ мегӯянд, Узбекистон метавонист, ки неругоҳи энержии офтобӣ бисозад. Ҳарчанд ҳудуди кишвар барои сохтани неругоҳи энержии офтобӣ мувофиқ аст, аммо харҷи сохтмон ва нигаҳдории чунин неругоҳ гарон меафтад.

Маросимии расмии шуруъи сохтмони неругоҳи ҳастаӣ ҳангоми сафари президенти Русия ба Узбекистон баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG