Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: Сӯхтор дар тарабхонаи туркӣ аз дуди кабоб сар зад


Мақомот баъди як рӯз сабабҳои сӯхтор дар тарабхонаи туркии "Citir Usta" ("Четир уста") дар маркази Душанберо шарҳ доданд. Масъулони идораи оташнишонии пойтахт рӯзи 13-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сӯхтор “аз асбоби кабобпазии тарабхона” сар задааст.

Ба қавли як мақоми ин идора, пас аз меъёри муқарраршуда баланд шудани оташи кабобпазӣ, системаи ҳавокашӣ тоб наоварда оташ гирифтааст.

Ин масъули идораи оташнишонӣ афзуд, дар асл системаи ҳавокашии биное, ки тарабхона ҷойгир шудааст, барои кашидани дуд пешбинӣ нашуда буд. Ҳамсуҳбати мо афзуд, қаблан масъулини тарабхона низ барои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҷарима шуда буданд.

“Ин лӯлаи ҳавокашӣ барои берун кардани чангу хок аз ошёнаи дувум насб шудааст. Аммо вақте аз асбоби кабобпазӣ (мангал) оташ баланд мешавад, он дигар тоб намеорад ва месӯзад. Баъд аз ин дуд тариқи лӯла то болои бино мерасад ва ҳама фикр карданд, ки бино оташ гирифтааст”, - афзуд манбаъ.

Масъули идораи оташнишонӣ гуфт, сӯхтор ба тарабхонаи "Citir Usta" ("Четируста") зиёни зиёд нарасондааст ва танҳо системаи ҳавокашӣ хароб шудааст.

Сӯхтор дар тарабхонаи туркии "Citir Usta" ("Четируста"), ки дар кӯчаи Мирзо Турсунзода-4 ҷойгир аст пеш аз зуҳри 12-уми октябр рух дод.

XS
SM
MD
LG