Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Усқуфи Вашингтон баъди ҷанҷоли бадахлоқии ҷинсӣ бознишаста шуд


Поп Франсиск ва каридинал Доналд Вуэрл
Поп Франсиск ва каридинал Доналд Вуэрл

Усқуфи Вашингтон Доналд Вуэрл дар ҳоле бознишаста шуд, ки дар маркази ҷанҷоли бадахлоқии ҷинсӣ нисбат ба кӯдакон қарор гирифт. Дар ин бора хабаргузории Associated Press бо такя ба дафтари Попи Рум гузориш дод.

Вуэрли 77-соларо ба пуштибонӣ аз рӯҳониёне муттаҳам карданд, ки ба кудакозорӣ гумонбар шуданд. Моҳи август ҳакамони бузург дар Пенсилвания гузоришеро нашр карданд, ки дар он гуфта мешуд, рӯҳониёни аёлат дар тӯли 70 сол кӯдаконро таҷовуз мекарданд. Вуэрл 18 сол усқуфи Питтсбург - дуюмин шаҳри бузурги Пенсилвания буд. Ӯ иттиҳоми пинҳон доштани ҷурми рӯҳониёнро рад кард.

Ба ғайр аз ин, Вуэрл ба ин муттаҳам шуд, ки аз рафтори усқуфи пешин хабар дошт, то дар бадахлоқии ҷинсӣ нисбат ба донишҷӯёни мактаби мазҳабӣ гумонбар буд.

Бознишастагии худро Доналд Вуэрл ба синну солаш рабт дод. Ӯ моҳи ноябр 78- сола мешавад. Усқуфҳо ва кардиналҳо маъмулан дар синни 75-солагӣ бознишаста мешаванд.

Кардиналҳои калисои католикӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳим саҳм доранд ва дар интихоби поп иштирок мекунанд. Вуэрл соли 2013 дар интихоби поп Франсиск иштирок карда буд.

XS
SM
MD
LG