Дар пайи ҳамлаи ҷангҷӯёни Толибон ба вилояти Кундуз дастикам 15 корманди амниятӣ кушта шуд. Дар ин бора мақомоти Афғонистон хабар додаанд.
Ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки Толибон дар остонаи баргузории интихоботи порлумонӣ амалиёти худро густариш додаанд.
Раиси шӯрои вилоят Амруддин Валӣ гуфт, ки сарбозони давлатӣ рӯзи 11-уми октябр кушта шуданд. Ба иттилои манбаи дигар, ҳудуди 10 тан аз низомиёни давлат дар ин ҳамла ҷароҳат бардоштаанд. "Толибон" масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, дар як амалиёт дар вилояти Вардак беш аз 20 ҷангҷӯи Толибонро куштаанд. Мақомоти интизомии Афғонистон мегӯянд, ҷангҷӯён талош доштанд, интихоботи порлумонии 20-уми октябрро ба ҳам зананд.