Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи ИМА аз истиқлолияти Калисои Украина пуштибонӣ кард


Курт Волкер - фиристодаи ИМА дар умури Украина
Курт Волкер - фиристодаи ИМА дар умури Украина

Намояндаи Департаменти давлатии Амрико Курт Волкер гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида аз талоши Украина барои доштани Калисои муттаҳиди маҳаллӣ пуштибонӣ мекунад. Ӯ гуфт, қарори усқуфи Константинопол ба украиниҳо имкон медиҳад, аз динашон тавре пайравӣ кунанд, ки худашон мехоҳанд.

Волкер ҳамчунин изҳороти Калисои православии Русияро шарҳ дод, ки гуфтааст худмухтории Калисои Украина як фоҷеа хоҳад буд ва роҳро ба зӯроварӣ боз мекунад. Ба гуфтаи намояндаи вежаи Амрико, фоҷеа - ин доштани раҳбарони мазҳабиест, ки хушунатро ташвиқ мекунанд.

Рӯзи 11-уми октябр Маҷмаи Муқаддаси Калисои православии Константинопол қарори мустақилии Калисои православии Украинаро қабул кард.

Дар Русия қарори усқуфро "қонунисозии ҷудошавӣ" унвон карданд. Маскав аз ин нигарон аст, ки истиқлоли Калисои Украина имондоронро аз ҳам ҷудо мекунад ва сабаби зӯроварӣ мешавад. Калисои ортодокси Русия ин ҳодисаро ба ҷудошавии калисоҳои правостлавӣ ва католикӣ дар соли 1054 монанд кард.

XS
SM
MD
LG