Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Вашингтон ҳукми эъдомро дар ин аёлат бекор кард


Бинои Додгоҳи олии ИМА дар Вашингтон
Бинои Додгоҳи олии ИМА дар Вашингтон

Додгоҳи олии Вашингтон ҳукми қатлро дар қаламрави аёлат манъ кард. То қабули қарори рӯзи 11-уми октябр ҳукми эъдом дар ин аёлат моратория надошт.

The Washington Post навишт,ки бино ба қарори додгоҳ ҳукми эъдом ба ҳабси якумрӣ иваз мешавад. Дар зиндонҳои аёлати Вашингтон 8 нафар ҳузур дорад, ки қаблан ҳукми эъдом гирифтанд. Сарнавишти онҳо номуайян боқӣ мемонад.

Дар 30 аёлати Амрико ҳукми эъдом ҳамчун ҷазо муайян шудааст ва дар қонунгузории федеролӣ ҳам пешбинӣ мешавад. Бар пояи тағйироти ҳаштум ба Қонуни асосии Амрико, истифодаи ҳукми эъдом ба ҷиноятҳое бо паёмади сангин маҳдуд мешавад, ки онҳоро одамони мукаллаф ва болиғ содир кардаанд.

Вашингтон 20-умин аёлатест, ки ҳукми қатлро дар қаламраваш мамнуъ кард. Солҳои охир истифодаи ҳукми эъдом дар Амрико ба андозаи назаррас коҳиш ёфт.

XS
SM
MD
LG