Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 маҳбуси зиндони Русия ба рагҳои худ теғ заданд


Зиндони рақами 2 дар вилояти Владимирск
Зиндони рақами 2 дар вилояти Владимирск

Дар зиндони "Владимирск централ" дастикам 20 маҳбус ба нишони эътироз алайҳи интиқоли онҳо ба зиндони дигар рагҳои буриданд. Дар ин бора раҳбари "Кумитаи ҳуқуқи шаҳрвандӣ" Борис Понтелеев шоми гузашта дар Фейсбук хабар дод.

Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқи инсон, зиндониён аз интиқолашон ба маҳбаси рақами 3, ки дар минтақа ҳамчун "коллонияи шиканҷа" машҳур аст, шадидан норозӣ шудаанд. Биноба қиссаҳои хонавоҳдаҳои маҳбусон ва зиндониҳои озодшуда, маҳкумшудаҳоро дар коллонияи ислоҳотии рақами 3 "таҷовуз мекунанд, мезананд ва мекушанд". "Ин як эътирози маъмулӣ нест, ин фарёди ноилоҷӣ аст",- навиштааст Пантелеев.

Қаблан нашри видеои таҳқир ва латтукӯби зиндониён дар маҳбаси Ярослав сару садоҳои зиёдро ба бор овард. Ба думболи ин, дар интерент чандин видеои зуроварӣ ба зиндониҳо дар маҳбасҳои дигар ҳам нашр шуд. Хадамоти федеролии зиндонҳо қавл дод, ки вазъиятро дар боздоштгоҳҳо ва маҳбасҳои кишвар мавриди омузиш қарор медиҳад.

XS
SM
MD
LG