Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев дар Душанбе


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия рӯзи 12-уми октябр дар ҳошияи нишасти сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дидору гуфтугӯ карданд. Ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ имрӯз, 12-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсатир ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо нахуствазири Русия гуфтааст, ки кишвараш ба ҳамгироии Тоҷикистону Русия дар шакли шарикии стратегӣ аҳамияти вижа медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои русӣ дар бахши энержӣ, гуфтугӯ карданд.

Манбаъ мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ҳамчунин ба ҳамкорӣ дар бахши таъмини амният ва ҳамкориҳои низомӣ таъкид намуда ва вазъи таҳкими сарҳадро баррасӣ карданд.

Дар ин мулоқот ҳамчунин масъалаи ҷалби ҷавонони тоҷик ба таҳсил дар мактабҳои русӣ ва ҷалби омӯзгорони русзаон аз Русия ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG