Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ташкили минтақаи ғайринизомӣ дар Идлибро тасдиқ кард


Анқара ташкили минтақаи ғайринизомӣ дар вилояти Идлиби Сурияро, ки пас аз созиши раҳбарони Туркия ва Русия ба даст омад, тасдиқ кард. Бар пояи ин созиш мухолифини мусаллаҳ техникаҳои вазнинро аз хати ҷабҳа берун мебаранд.

Гуруҳҳои мухолифини мусаллаҳ бояд техникаҳои вазнини низомӣ, аз ҷумла танк, сохторҳои мушакӣ ва минометҳои худро то 10 октябр берун баранд. Дар минтақа танҳо низомиёни рус ва турк мустақар мешаванд, ки барои назорати низоми оташбас ҷалб шудаанд.

Ҳамзамон "Таҳрир аш-Шом" - нерумандтарин гурӯҳи ҷиҳодӣ дар Идлиб, то ҳол мавқеи худро ба созиши Москаву Анқара мушаххас накардааст.

Созиши моҳи гузашта аз ҳамлаи нерӯҳои ҳукумат ва шариконаш ба вилояти Идлиб ҷилавгирӣ кард. Димишқ мехост вилоятро ба ҳар қиммате бошад таҳти назорат бигирад. Раҳбарони ҷаҳон ва СММ ҳушдор доданд, ки ҳамла ба Идлиб минтақаи дорои 3 миллион аҳолиро ба фоҷеаи башарӣ мерасонад. ИМА он замон артиши Асадро ҳушдор дод, ки дар сурати истифодаи маводи кимиёӣ мавриди ҳамла қарор хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG