Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи ИМА хакери русро ба ташхиси равонӣ фиристод


Евгений Никулин
Евгений Никулин

Додгоҳи Амрико Евгений Никулин- рахнагари интернетӣ аз Русияро, ки ба гумони ҳамлаҳои киберӣ ба пойгоҳҳои ИМА аз Ҷумҳурии Чех ба Амрико истирдод шуд, ба ташхиси равонӣ фиристод. Шаш моҳи ояндаро ӯ на дар зиндон, балки дар бемористон сипарӣ хоҳад кард. Дар ин бора вакили ӯ Аркадий Бух рӯзи 10 октябр ба ТАСС хабар дод.

Ба гуфтаи вакил, раиси додгоҳ ин қароро баъди саркашии Никулин аз риояи тасмимҳои қаблии додгоҳ эълон кард. Худи Никули эълони додрасро тавре қабул кард, ки гӯё барояш "аҳамият" надорад. Маълум нест, ки Никулинро ба кадом бемористон интиқол медиҳанд. Вакил гуфт, ки дар раванди ташхис зерҳимояаш ба тарҷумон ниёз дорад.

Қаблан вакилони ин шаҳрванди Русия бо далели ин ки зерҳимояашон бо онҳо ҳамкорӣ намекунад, аз додгоҳ дархост карданд, ки Никулин аз ташхиси равонӣ гузарад.

Охири моҳи марти соли ҷорӣ Никулин бояд аз ташхиси тиббӣ мегузашт, аммо ба кормандони хадамоти махсус муқовимат нишон дод ва гуфта мешавад, ки мехост фирор кунад.

Никулин тирамоҳи соли 2016 дар ҷумҳурии Чех боздошт шуд. Амрико ӯро дар ҳамлаҳои киберӣ ба сомонаҳои ширкати LinkedIn, Dropbox ва Formspring гумонбар медонад. Русия низ алайҳи Никулин парванда дорад. Аммо сарфи назар аз дархости Маскав барои истирдод, Ҷумҳурии Чех 30 марти соли 2018 ӯро ба ИМА истирдод кард. Евгений Никулин худро гунаҳкор намешуморад.

XS
SM
MD
LG