Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози Анҷумани раҳбарони адёни ҷаҳонӣ ва суннатӣ дар Остона


Қасри Сулҳу ҳамоҳангӣ дар Остона
Қасри Сулҳу ҳамоҳангӣ дар Остона

Дар Қасри сулҳи шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, имрӯз Анҷумани раҳбарони динҳои ҷаҳонӣ ва суннатӣ оғоз шуд, ки қарор аст, дар он "пешгирӣ аз терроризму экстремизм" баррасӣ шавад.

Дар кори анҷуман, ки то 11 октябр идома мекунад, 80 ҳайъат аз 46 кишвари дунё иштирок доранд.

Дар доираи ҳамоиши мазкур баргузории ҷаласаи Шӯрои пешвоёни динӣ низ дар назар аст. Дар чорабинӣ ҳамчунин дабири кулли Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо Томас Гремингер ва президенти Сербистон Александр Вучич, ки дар доираи як сафар дар Қазоқистон қарор дорад, иштирок мекунанд.

Анҷумани раҳбарони адёни ҷаҳонӣ ва суннатӣ дар се сол як бор баргузор шуда, мақомоти Қазоқистон онро майдони дастгирии муколама миёни дину фарҳангҳо арзёбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG