Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози дубораи боздошти муҳоҷирон ҳангоми намози ҷумъа дар Маскав


Пулиси Москва боздошти муҳоҷиронро дар намозҳои ҷумъа аз сар гирифт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Пулиси Москва боздошти муҳоҷиронро дар намозҳои ҷумъа аз сар гирифт

Бино ба иттилои хабарнигори Настоящее время, пулиси Москва пас аз танаффуси тӯлонӣ боздошти муҳоҷиронро дар рӯзҳои намози ҷумъа дар назди масҷидҳо дубора оғоз кардааст. Нахустин боздоштҳо ҳафтаи гузашта сурат гирифтаанд.

Кормандони пулис муҳоҷиронро дар назди масҷидҳо боздошт ва ба шуъбаи пулис интиқол медиҳанд. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ин амали пулиси Москва ғайриқонунӣ аст.

Яке аз дастгиршудаҳо бо номи Рустам гуфт, пас аз боздошт ба ӯ ҳеч санадеро барои имзо пешниҳод накарданд. Танҳо барои чанд соат дар автобусе нигаҳ дошта, пас аз гирифтани аксу нақши ангушт дар шуъбаи пулис онҳоро раҳо карданд.

"Ба онҳо ҳуҷҷатҳоямро пешниҳод кардам, вале гуфтанд, ки меравем дар пойгоҳи иттилоот месанҷем. Гуфтам, ҳоло вақти намоз аст, ба масҷид дер мекунам, гуфтанд, ки месанҷем ва раҳо мекунем. Дар дохили автобус ҳудуди 30 нафар будем", - афзуд ӯ.

Боздошти дастаҷамии муҳоҷирон дар назди масҷидҳои шаҳри Москва чанд сол боз қатъ шуда буд. Кормандони пулис дар асоси созиши Идораи мусулмонони Русия ва раҳбарияти Вазорати умури дохилии ин кишвар муҳоҷиронро дар рӯзҳои намози ҷумъа боздошт намекарданд.

Ба назари ҳуқуқшиносон ин гуна санҷиши дастаҷамъии кормандони пулис ғайриқонунӣ аст. "Боз доштан ва санҷиши ҳуҷҷати шахсе, ки амали шубҳанок надорад ва ба гумонбаре ҳам монанд нест, ғайриқонунӣ мебошад", - мегӯяд вакили дифоъ Раҳмон Агайгелдиев.

XS
SM
MD
LG