Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СБП: ҷангии тиҷоратии ИМА ва Чин барои ҳарду гарон меафтад


Сандуқи байналмилалии пул пешгӯиҳои иқтисодиро дар пазманзари ҷанги тиҷоратии ИМА ва Чин бознигарӣ кард. "Вақте ду иқтисоди бузурги ҷаҳон бо тарофа ба якдигар ҳамла мекунанд, ҳама аз ин зарар мебинад, на танҳо тарафҳои аслӣ",- гуфт Морис Обствелд -иқтисоддони аршади Сандуқи байналмилалии пул рӯзи 8 октябр.

Бар пояи пешгӯиҳои нави СБП, афзоиши тавлиди нохолиси миллӣ дар ИМА на 2,9, тавре пешгӯӣ мешуд, балки 2,5 хоҳад буд. СБП коҳиши тавлиди нохолиси миллии ИМА-ро ба ҷанги тиҷоратӣ бо Чин рабт додааст. Рушди иқтисоди Чин, ки дар сатҳи 6,6 пешгӯӣ мешуд, 0,4 дар сад камтар хоҳад шуд.

Қариб ними содироти Чин ба ИМА таҳти тарофаҳои нави маъмурияти Доналд Трамп қарор гирифт. Кохи сафед таҳдид кардааст, ки тарофаҳои навро ба ҳамаи маҳсулоти содиротии Чин ҷорӣ хоҳад кард.Чин ба содироти Амрико дар ҳаҷми 110 милилард доллар тарофа гузошт.

Бинобар арзёбиҳои Сандуқи байналмилалилии пул, агар ҷанги тиҷоратии Вашингтон ва Пекин хотима наёбад, рушди тавлиди нохолиси миллӣ дар ҷаҳон ба 3,7 дар сад коҳиш хоҳад ёфт ва ин номуайяниро дар бозорҳои бурс эҷод хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG