Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон сокинон барои нон навбат мепоянд


Дар вилоятҳои гуногуни Туркманистон рӯзҳои ахир норасоии орду нон мушоҳида мешавад. Як манбаъ аз вилояти Дашоғузи ин кишвар видеоеро фиристод, ки нишон медиҳад, сокинони зиёде пушти дари як фурӯшгоҳи ғизо навбат истодаанд.

Манбаъ мегӯяд, сокинон барои харидории орду нон навбат мепоянд. Ба гуфтаи яке аз шоҳидон, он рӯз дар назди фурӯшгоҳ садҳо нафар ҷамъ шуда буданд.

Расонаи мустақили "Алтернативние новости Туркменистана" хабар дод, ки дар яке аз ноҳияҳои Дашоғуз сокинон дар пушти дари фурӯшгоҳи ғизо навбат истодаанд. Аксе, ки расона нашр кардааст, нишон медиҳад, даҳҳо нафар дар навбатанд.

Бино ба хабарҳо, дар бештари маврид навбатпоии сокинонро дар назди фурӯшгоҳҳо кормандони ниҳодҳои қудратӣ назорат мекунанд.

Талошҳо барои дарёфти назари мақомоти Туркманистон дар ин бобат бенатиҷа буданд. Дар расонаҳои расмии ин кишвар низ дар бораи навбатпоиҳо чизе навишта намешавад.

XS
SM
MD
LG