Рам Натҳ Ковинд, раиси ҷумҳури Ҳиндустон рӯзи 7-уми октябр бо сафари серӯзаи давлатӣ вориди Душанбе шуд. Дар фурудгоҳи пойтахт ӯро Маҳмадтоир Зокирзода, муовини нахуствазир ва дигар мақомоти баландпояи Тоҷикистон пешвоз гирифтаанд.
Бино ба иттиллои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Рам Натҳ Ковинд дар ҷараёни сафар бо раҳбарони кишвар мулоқот мекунанд. Раиси ҷумҳур дар Ҳинд салоҳиятҳои зиёд надорад ва як мақоми ташрифотист. Мақоми асосӣ дар он кишвар мақоми нахуствазир аст.
Ҳинд солҳои ахир дар тақвияти артиши Тоҷикистон ва мусаллаҳ кардани он кӯмак мерасонад. Фурудгоҳи низомии Айнӣ дар канори Душанберо маҳз Ҳинд бо харҷи бештар аз 70 миллион таъмиру навсозӣ кардааст.