Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори тоҷик Муҳаммадумар Нурматов даргузашт


Муҳаммадумар Нурматов
Муҳаммадумар Нурматов

Муҳаммадумар Нурматов, рӯзноманигори тоҷик, бар асари беморӣ дар 58-солагӣ даргузашт. Наздиконаш гуфтанд, ки маросими видоъ ва дафни ӯ соати чаҳори бегоҳи 6-уми октябр дар маҳаллаи Маяковскийи шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Ӯ аз соли 1999 то 2000-ум роҳбарии телевизиони “Тоҷикистон”-ро бар ӯҳда дошт. 10 соли охир бо ҳамдастии созмонҳои байналмилалӣ барои кишоварзони тоҷик барномаҳои махсуси телевизионӣ ва радиоӣ омода мекард.

Муҳаммадумар Нурматов соли 1960 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омада, шуъбаи арабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Солҳои 1984-1986 дар Либия ва Яман тарҷумони низомӣ буд. Соли 1986 дар радиои тоҷик ба кор пардохта, ба ҳайси муҳаррири идораи адабӣ, котиби масъули иттиҳоди барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, сармуҳаррири идораҳои адабӣ, иттилоотӣ ва бурунмарзӣ фаъолият кардааст.

Муаллифи гуфторҳои "Сафина", "Гулшани адаб", "Аз деҳқон ба деҳқон"-и Радиои Тоҷикистон буд, ки аксарашон ба хазинаи тиллоӣ ворид шудаанд.

XS
SM
MD
LG