Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамаи Твер дастикам 13 нафар ба ҳалокат расид


Макони садама дар Твер. 5 сентябри соли 2018
Макони садама дар Твер. 5 сентябри соли 2018

Бар асари садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Твер, воқеъ дар 180 километрии шимолу ғарби Маскав, дастикам 13 нафар ба ҳалокат расид.

Вазорати фавқулоддаи Русия ва ҳукумати маҳаллӣ рӯзи 5 октябр гуфтанд, ки мусофирони минибаси Ford дар натиҷаи бархурд бо автобуси LIAZ дар шоҳроҳ кушта шуданд.

Дастикам 17 нафари дигар маҷруҳ шуд ва бархе ҳам ба бемористон интиқол ёфтанд.

Гурӯҳи наҷот ва волии минтақаи Твер Игор Руденя ба ҷойи ҳодиса рафтанд.

XS
SM
MD
LG