Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса ба таҳқиқи нопадид шудани раҳбари Интерпол оғоз кард


Мэн Ҳонгвей
Мэн Ҳонгвей

Пулиси Фаронса ба таҳқиқи парвандаи нопадид шудани президенти Интерпол Мэн Ҳонгвей оғоз кард. Тамос бо ӯ аз охири моҳи сентябр қатъ шуд. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи ҷумъа гузориш дод.

Ба гуфтаи манбаҳои хабаргузорӣ, ҳамсари раҳбари Интерпол, ки дар Лион зиндагӣ мекунад, дар ин робита ба пулиси Фаронса муроҷиат кард. Ба гуфтаи ӯ, Мэн Ҳонгвей охири моҳи сентябр ба Чин рафт ва дигар дар тамос нашуд.

Интерпол ниҳодест, ки барои баҳам овардани талоши идораҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои мухталиф созмон ёфтааст. То ҳол 190 давлат ба Интерпол шомил шудаанд.

Муовини вазири амнияти ҷамъиятии Чин Мэн Ҳонгвей моҳи ноябри соли 2016 ба мақоми президенти Интерпол интихоб шуд. Ӯ дар ин вазифа Мирей Баллестразии фаронсавиро иваз кард.

XS
SM
MD
LG