Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи эътирози ингушҳо бар зидди табодули замин бо Чеченистон


Эътирози алайҳи табодули қаламрав дар байни Чеченистон ва Ингушистон
Эътирози алайҳи табодули қаламрав дар байни Чеченистон ва Ингушистон

Дар Ингушистон эътирозҳои зидди табодули замин бо Чеченистон идома доранд. Даҳҳо нафар шаби гузаштаро дар назди бинои порлумони Ингушетия дар шаҳри Магас рӯз карданд. Бино ба иттилои "Кавказский узел", сокинони маҳаллӣ ба тазоҳургарон ғизо ва ашёи гарм мебаранд.

Раҳбари Ингушистон Юнус-Бек Евкуров шаби гузашта аз тазоҳургарон хост, пароканда шаванд ва пиронсолону кӯдаконро бо худ бубаранд. "Фардо нагӯед, ки намедонистем, онҳо дар куҷо буданд. Аз ҳамаи шумо хоҳиш мекунам, инро шунавед ва дарк кунед", - афзуд ӯ.

Ахиран раҳбарони Ингушетия ва Чеченистон -- Юнус-Бек Евкуров ва Рамзан Қодиров қонуни таъйини хати марз миёни ду ҷумҳуриро имзо карданд, ки табодули баъзе аз минтақаҳоро пешбинӣ мекунад. Вале бештари сокинони Ингушетия ба ин қарор мухолифат доранд.

Ҳазорҳо сокини Магас ҳангоми баррасии лоиҳаи қонун дар порлумон тазоҳурот карданд. Пулис ба ҳаво оташ кушода, вале Додгоҳи конститутсионӣ аз мавқеи тазоҳургарон ҷонибдорӣ кард ва хост, дар робита ба созишномаи мазкур бо Чеченистон раъйпурсӣ баргузор шавад.

Қодиров қаблан аз сокинони Ингушетиядаъват кард, ки ба эътирозҳо хотима диҳанд. "Агар ҷанг бошад, ман зид нестам", - гуфт Қодиров.

XS
SM
MD
LG