Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марди ниқобпӯш дар Фархор як занро бо корд захмӣ кард. ВИДЕО


Зулфия Менгёрова, сокини деҳаи Некманзари ноҳияи Фархор, мегӯяд, як марди ниқобпӯш ӯро бо корд захмӣ кард ва феълан таҳти назари пизишкон дар бемористон аст.

Ҳодиса шаби 28-уми сентябр, вақте рух дод, ки нирӯи барқ хомӯш шуд ва Зулфия ҳамроҳи ду фарзандаш хоб буд.

Қаблан сокинони маҳаллаи Заҳматободи шаҳри Душанбе аз вуҷуди як махлуқи ниқобпӯш хабар дода буданд, ки аз як бом ба боми дигар меҷаҳад.

"Гуфт, дод назан, ки теғ мезанам. Боз гулӯямро зер кард. Дар назди тиреза об буд. Гуфтам, обро деҳ, нӯшам, баъд чӣ коре мекунӣ, бикун. Дастамро сар дод ва аз назди тиреза обро гирифтанӣ шуд, ки ба берун гурехтам", - нақл кард ин сокини ноҳияи Фархор рӯзи 4-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Як марди ниқобпӯш дар Фархор занеро бо корд захмӣ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:07 0:00

"Аввал ба тарафи гарданам зад, баъд ба дастам"

Зулфия Менгёрова хост, ки ҳамсояҳоро ба кумак даъват кунад. Чун ҳама хоб буд, касе зуд ба кумакаш наомад. Шахси ҳамлагар дар саҳни ҳавлӣ бо Зулфия дарафтод ва ду корд зад.

"Аввал дар гарданам зад, хун парид. Ба замин афтодам. Боз дар дастам зад. Баъд гурехт. Куртаро дар сараш кашида буд. Давида рафт. Куртааш сафеду остинкӯтоҳ буд", - нақл кард ӯ.

Шаъмигул Шарипова ҳамроҳи духтараш аввалин касе буд, ки ба кумаки Зулфия омад. Ӯ мегӯяд, агар Зулфия саривақт баланд фарёд мезад, ҳамсояҳо метавонистанд ҳамлагарро дастгир кунанд.

Рӯи ҳавлии Зулфия Менгёрова
Рӯи ҳавлии Зулфия Менгёрова

Шаъмигул Шарипова гуфт, "вақте мо омадем, аллакай кор аз кор гузашта буд. Ба бемористон бурдем. Аз он тараф омадам, ки рӯи ҳавлиро мурғ тит кардааст."

Мақомоти ноҳияи Фархор бо гумони ҳамла Манучеҳр Имомов, ҳамсояи Зулфияро боздошт кардаанд. Аммо ҳам ҷабрдида ва ҳам ҳамсояҳо пофишорӣ доранд, ки ин нафари гумонбар гуноҳ надорад.

"Шавҳарам аз торикӣ метарсад, вай ба ин кор қодир нест"​

Баҳриннисо Сангова, ҳамсари Манучеҳр Имомов гуфт, "бегоҳӣ ягон ҷо нарафта буд. Як хислат дорад, ки метарсад. Аз ӯ дида, ман боғайраттарам. Як дафъа бемор шуда буд ва ҳоло аз сояи худаш метарсад. Баъди намози шом ба берун намеравад."

Сангова мегӯяд, маъмурони милиса шавҳарашро ба мошин шинонда бурданд ва як ҳафта боз ба онҳо нишон надодаанд. Ҳамсояҳо мегӯянд, Манучеҳр бо вуҷуди он ки майзада буд, ба касе зарар намерасонд.

Як масъули шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар ин замина таҳқиқ ҷараён дорад ва чанд дафъа низ Зулфия Менгёроваро низ пурсидаанд.

Бо ин ҳол, чанд рӯз боз хоб аз чашми сокинони маҳалла паридааст. Ҳарчанд тафтиши ҳодиса аз тарафи пулиси Фархор ҷараён дорад, Зулфия мегӯяд, ҳеч гумонбареро бо вай рӯ ба рӯ накардаанд.

Ҳушдорҳо аз вуҷуди ниқобпӯшон дар гӯшаҳои Тоҷикистон

Моҳи августи имсол сокинони маҳаллаи Муҳоҷирободи ноҳияи Фархор (дар наздикии сарҳади Афғонистон) аз вуҷуди як махлуқи ниқобпӯш дар маҳалашон нигаронӣ карда буданд. Онҳо гуфтанд, ки марди ниқобпӯш шабона ба хонаҳо даромада, аммо ба молу ҷиҳоз даст намерасонад.

Қабл аз он сокинони маҳаллаи Заҳматободи шаҳри Душанбе аз вуҷуди як махлуқи ниқобпӯш хабар дода буданд, ки аз як бом ба боми дигар меҷаҳад. Аммо бисёре аз сокинон онро чиддӣ нагирифта, як шӯхии байни ҳамсояҳо гуфта буданд.

Дар гузашта низ чунин ҳодисаҳо, ки дурустӣ ва нодурустии онҳоро исбот кардан душвор аст, дар минтақаҳои дигар низ рух дода, мардумро моҳҳо дар ҳарос нигаҳ доштааст. Аз ҷумла, соли гузашта дар Ҳисор хабарҳое пахш шуд, ки шабона аз чанд хона ба сӯи хонаҳои дигар санг мепарид ва болопӯши бомҳоро сӯрох мекард. Ин ҳолат 1 моҳ давом кард. Аммо баъдан маълум шуд, ки дар наздикии деҳа пойгоҳи низомӣ ҷойгир аст ва аскарон барои шӯхӣ мардуми маҳалро ба ҳарос меоварданд.

XS
SM
MD
LG