Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши маҳрум кардани президентҳои собиқ аз дахлнопазирӣ


Додгоҳи олии Қирғизистон моддаи дахлнопазирии раиси ҷумҳурони собиқи ин кишварро дар қонуни "Кафолати фаъолияти президент" ғайриконститутсионӣ номид. Дар Қирғизистон танҳо Роза Отунбоева ва Алмосбек Отамбоев расман мақоми президенти собиқро доранд.

Ин масъала набояд бо хулосаи 120 вакил ё раиси ҷумҳур ҳал шавад. Ин масъала бояд дар ҷараёни раъйпурсӣ ҳал гардад.

Даъвои ҳуқуқшинос

Палатаи конститутсионии Додгоҳи олии Қирғизистон рӯзи 3-юми октябр даъвои ҳуқуқшинос Нурбек Тоқтакуновро баррасӣ кард, ки хоста буд, меъёри дахлнопазирии президентҳои собиқи ин кишвар ғайриконститутсионӣ номида шавад. Ба гуфтаи Тоқтакунов, Палатаи конститутсионӣ банди 12-и қонун "Дар бораи кафолати фаъолияти президент" - дахлнопазирии раиси ҷумҳурони пешини пешини Қирғизистонро ғайриконститутсионӣ номидааст.

"Агар бо забони одӣ бигӯем, палата гуфт, банди мазкур хилофи Конститутсия аст. Зеро дар он раванди маҳрум шудан аз дахлнопазирӣ оварда нашудааст. Масъулони палата ҳамчунин аз вакилони порлумон хостанд, ки ба қонун раванди бекор кардани дахлнопазирии президентҳои пешинро ворид созанд ва он набояд аз раванди эъломи нобоварӣ ба президент мушкилтар бошад", - афзуд ҳуқуқшиноси қирғиз.

Нурбек Тоқтакунов
Нурбек Тоқтакунов

Палатаи конститутсионии Қирғизистон даъвои Нурбек Тоқтакуновро моҳи июли имсол барои баррасӣ қабул карда буд. Ҳуқуқшиноси қирғиз мегӯяд, дахлнопазирии комили президентҳои пешин хилофи Конститутсия ва меъёри баробарии ҳама дар назди қонун аст.

Ислоҳи қонун: Дахлнопазирӣ лағв шавад

Исҳоқ Масалиев ва Қурмонқул Зулушев, вакилони порлумони Қирғизистон тарҳи иловаҳоеро омода кардаанд, ки бар асоси он президентҳои собиқ аз дахлнопазирӣ комилан маҳрум хоҳанд шуд. Яке аз муаллифони тарҳ Исҳоқ Масолиев гуфт, хулосаи Палатаи конститутсионии Додгоҳи олӣ ҳангоми баррасии тарҳ ба эътибор гирифта хоҳад шуд.

Исҳоқ Масолиев
Исҳоқ Масолиев

"Мо пешниҳод кардем, ки моддаи 12 аз қонун "Дар бораи кафолати фаъолияти президенти Қирғизистон" пурра лағв шавад. Дар бораи хулосаи Палатаи конститутсионӣ аз шумо хабар ёфтам. Агар чунин аст, мо набояд аз чаҳорчӯби хулосаи онҳо берун равем. Ба фикрам, онҳо дар назар доранд, ки бояд ҷараёни ба ҷавобгарӣ кашидани президентҳои собиқ коркард шавад. Ин масъала набояд мисли ба ҷавобгарӣ кашидани сокинони одӣ бошад. Чи хеле набошад, мо ин хулосаро меомӯзем ва баъдан тасмим мегирем. Онро ба эътибор нагирифта наметавонем", - афзуд ӯ.

"Ба раъйпурсӣ гузоред"

Пешниҳоди тағйири дахлнопазирии президентҳои собиқи Қирғизистон дар яке аз ҷаласаҳои порлумон ва қабл аз танаффуси тобистонӣ аз тарафи Исҳоқ Масолиев садо дода буд.

Алмосбек Отамбоев
Алмосбек Отамбоев

Бо ин вуҷуд, дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон Дамир Сагинбоев гуфт, бояд ин масъала ба раъйпурсии умумӣ гузошта шавад.

"Наметавонам ин масъаларо аз номи Шӯрои амният шарҳ диҳам. Аммо фикр дорам, ки ин масъала ба баррасии иловагӣ зарурат дорад. Дар сурати гирифтани чунин тасмим, бояд масъала бо ҳузури мардум баррасӣ шавад. Ин набояд хулосаи 120 вакил ё раиси ҷумҳур бошад. Ин масъала бояд дар ҷараёни раъйпурсӣ ҳал шавад", - гуфт ӯ.

Гап дар бораи моддаи 12-и қонун дар бораи кафолати фаъолияти президенти Қирғизистон – "дахлнопазирии президентҳои собиқ" – меравад. Ин банди қонун мегӯяд, ки раҳбарони собиқ набояд барои аъмолашон ҳангоми иҷрои вазифа ба ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ кашида шаванд ваё боздошту ҳабс шаванд.

Ҳадаф Отамбоев?

Баҳс дар бораи лавғи ин банди қонун пас аз он доғ шуд, ки сарусадо дар бораи иртиботи мустақими Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон бо азнавсозии ТЭЦ-и шаҳри Бишкек ба миён омад. Вакили порлумон аз ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон Анвар Ортиқов гуфт, ташаббус дар мавриди маҳрум кардани президентҳои собиқ аз мақоми дахлнопазирӣ "бозии сиёсист".

Ӯ гуфт, "дахлнопазирӣ бояд дар қонун бошад. Дар сурати содир кардани ҷиноят роҳҳои ба ҷавобгарӣ кашидан вуҷуд дорад. Барои онки дахлнопазирии ӯ бардошта шавад, бояд даст доштанаш дар ҷиноят маълум шавад. Ин бозии ифлоси сиёсӣ оқибати хуб надорад", - гуфт ӯ.

Анвар Ортиқов
Анвар Ортиқов

Соли 2003 дар моддаи 53-юми Қонуни асосии Қирғизистон меъёре ворид карда шуд, ки президентҳои собиқ аз дахлнопазирии комил бархӯрдоранд ва ҳеч кас ҳақ надорад онҳоро ба ҷавобгарӣ кашад. Баъдан ин меъёр ба моддаи 12-и қонун дар бораи кафолати фаъолияти президенти Қирғизистон кӯчид.

Дар Тоҷикистон низ моҳи декабри соли 2015 қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" тасвиб шуд, ки дахлнопазирии раиси ҷумҳури кунуниро баъди рафтан аз мақомаш кафолат додааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG