Пайвандҳои дастрасӣ

Консули собиқ: Асрор Сафоев дахлнопазирии дипломатӣ надорад


Назар Мирзода – собиқ консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург – ҷузъиёти боздошти мошини ӯ бо рақами дипломатиро шарҳ дод. Оқои Мирзода рӯзи 1 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин мошин ба ӯ тааллуқ дорад, вале дар вақти ҳодиса дар ихтиёри наояндаи Палатаи савдо ва саноати кишвар Асрор Сафоев буд.

Асрор Сафоев масунияти дипломатӣ надорад ва танҳо намояндаи Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург аст.

Мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербург гуфтанд, ки мошини мутааллиқ ба Назар Мирзода шаби 31 март дар пайи тирпарронӣ дар кӯчаи Благодатная боздошт шудаааст. Дар натиҷаи тирпарронӣ як ҷавони тоҷик захмӣ шуда, феълан дар бемористон қарор дорад. Вебсайти “Фонтанка.ру” бо нашри аксу видео аз маҳалли ҳодиса гуфт, “Мерседес – S350” бо рақами “900D099 78” боздошт шуда, вале маъмурони интизомӣ ронандаву мусофирро аз он берун накардаанд, чун ба қавли онҳо “рақами сурх ҳаққи дахлнопазирӣ медиҳад”.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, низ рӯзи 1 апрел ба Радиои Озодӣ ҳодисаро тасдиқ кард, аммо гуфт, таҳқиқ идома дорад, то асли қазия рӯшан шавад. Тоҷикистон дар гузашта дар Санкт-Петербург консули фахрӣ дошт. Аммо як моҳи қабл дар онҷо консулгарии генералӣ ташкил шуд, ки феълан раҳбариашро Давлаталӣ Назризода бар уҳда дорад. Тоҷикистон бар илова Санкт-Петербург дар шаҳрҳои Новосибирску Уфа ва Екатеринбург низ соҳиби консулгарии генералист.

Радиои Озодӣ: Мошине, ки бо рақами сурхи дипломатӣ аз тарафи пулиси Санкт-Петербург боздошт шуд, ба кӣ тааллуқ дорад – Шумо, ё консулгарӣ?

Назар Мирзода
Назар Мирзода

Назар Мирзода: “Мошин, воқеан, аз аввал ба консулгарӣ тааллуқ дошт. Баъдан онро намояндагии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар Санкт-Петербург харид. Онҷо номи маро навиштаанд. Бачае, ки ин корро кардааст, Асрор Сафоев ном дорад ва намояндаи Палатаи савдо ва саноат ва ҳамзамон раиси созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Санкт-Петербург аст. Онҳо рӯзи 30 март ду соат – аз соати 6 то 8 – маъракаи наврӯзӣ доштанд. Ман мошинро барои он дода будам, ки меҳмононро ба ҷойи лозим расонад. Дигар ягон чиз набуд. Ӯ барои рондани мошин боварнома (доверенность) дошт, барои гардондани силоҳ низ рухсат гирифта буд.”

Радиои Озодӣ: Аммо ҳодисаи тирпарронӣ чӣ гуна сурат гирифтааст? Ин дар ҷараёни маъракаи наврӯзӣ шудааст, ё баъди он?

Ҳуҷҷати охирине, ки дар дасташ дошт, ҳуҷҷати дипломатӣ набуд, балки ҳуҷҷати намояндагии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон буд. Охирин вазифааш низ ҳамин буд.

Назар Мирзода: “Нафаре, ки шаби 31 март аз пояш тир хӯрда ва ҳоло дар бемористон аст, дар ҷараёни маъракаи наврӯзӣ бо як намояндаи оилаи Сафоевҳо шинос шудааст ё ҳарфи қабеҳ гуфтааст. Маълум нест, дар асл онҳо чӣ гуфтаву чӣ шунидаанд. Вале баҳс аз ҳаминҷо сарчашма мегирад. Онҳо барои ҳалли қазия бо якдигар вомехӯранд. Асрор Сафоев бо ҳамроҳии як ҳамшаҳрияш ва тарафи муқобил чор нафар омадаанд. Ман худ дар ҷойи ҳодиса қарор надоштам, вале аз рӯи гуфтаи онҳо, ҷониби дигар Асрор Сафоевро бо корд заданӣ шудааст. Асрор аввал ба замин як тир холӣ карда, сипас дар пойи якеи онҳо паррондааст. Мо шаб шахси маҷруҳро дидем, ҷароҳаташ он қадар вазнин нест.”

Радиои Озодӣ: Оё Асрор Сафоев масуният (дахлнопазирӣ)-и дипломатӣ дорад?

Муҳамманазир Мирзода: “Асрор Сафоев масунияти дипломатӣ надорад ва танҳо намояндаи Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург аст. Пештар дар мо (консулгарии фахрӣ) ҳамчун координатори ҷамъият, ҳамчун ихтиёрӣ кор мекард. Ӯ ба бачаҳо ёрӣ мкекард ва аз ин рӯ ӯро раҳбари донишҷӯён ҳам интихоб кардаанд. Ҳуҷҷати охирине, ки дар дасташ дошт, ҳуҷҷати дипломатӣ набуд, балки ҳуҷҷати намояндагии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон буд. Охирин вазифааш низ ҳамин буд.”

Радиои Озодӣ: Ҳоло мошин ва Асрор Сафоев дар куҷо ҳастанд?

Назар Мирзода: “Ман дишаб ба тафтишот тамоми масъаларо фаҳмондам ва мошинро гирифтам. Аммо иштирокдорони ин қазия, аз ҷумла Асрор Сафоев, дар пурсиши пулис ҳастанд. Вақте субҳ мо рафта будем, гуфтанд, ки дигар донишҷӯёнро низ мепурсанд ва баъдан Сафоевро ҷавоб медиҳанд.”

Намое аз шаҳри Санкт-Петербург
Намое аз шаҳри Санкт-Петербург


Радиои Озодӣ: Сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, ки консулгарии фахрӣ ва мақоми консули фахрӣ дар Санкт-Петербург беш аз як моҳ боз барҳам хӯрдааст. Шумораҳои дипломатӣ бо ризояти онҳо дар ихтиёри Шумо монда буд?

Назар Мирзода: “Ин мошин як сол боз кор намекард, нав онро таъмир карда будем. Мо хостем, ҳуҷҷатҳояшро бурда супорем, ки ин кор пеш омад. Бояд ҳамин рӯз ҳуҷҷатҳояшро бурда месупурдем. Дуруст, баъди онки консули генералӣ омад, бояд мо корамонро бибандем. Барои ҳамин, мо ҳама чизро ба консули генералӣ месупорем.”

Радиои Озодӣ: Дар робита ба ин ҳодиса оё нисбат ба ягон нафар парванда боз шудааст?

Назар Мирзода: “Не ҳоло нисбат ба ягон нафар парванда боз нашудааст. Мақомот ҳама чизро дар байни 2-3 рӯз муҳокима мекунанд. Зеро Сафоев шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро дорад.”

Радиои Озодӣ: Оё ҷониби дигари қазия низ тоҷиконанд?

Назар: “Бале, тарафи дигар низ тоҷиконанд, донишҷӯён ҳастанд”.

  • Бо ин ҳол, назари ҷониби дигар ҳанӯз барои мо дастрас нест. Маълум нест, ки аз рӯи иддаои онҳо ҳодиса бо чӣ сар шуда ва чӣ гуна хотима ёфтааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG