Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар Петербург консулгарии генералӣ мекушояд


Мақомоти дипломатии Русия мегӯянд, имсол се кишвар – Мексика, Ямайка ва Тоҷикистон – дар шаҳри Санкт-Петербург консулгарии генералӣ кушодан мехоҳанд.

Владимир Запевалов, намояндаи вазорати хориҷаи Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, ки масъулияти умури идораҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар ин шаҳрро бар ӯҳда дорад, рӯзи 8 феврал дар нишасти хабариаш гуфт, қарор аст, имсол дар Петербург се кишвари дигар – Мексика, Ямайка ва Тоҷикистон – консулгариҳои генералии худро боз кунанд. Владимир Запевалов гуфт, “дар масъалаи кушодани консулгарии генералӣ бахусус Тоҷикистон хеле сахт кор карда истодааст ва шояд алакай дар ҳамин соли 2016 консулгарии умумии Тоҷикистон дар Петербург ба кор сар кунад.”

Дар ҳоли ҳозир дар Санкт-Петербург, дувумин шаҳри бузурги Русия ва пойтахти собиқи ин кишвар, ки бисёриҳо то ҳол “пойтахти шимолии Русия” ҳам номаш мебаранд, 34 консулгарии генералии кишварҳои хориҷӣ, 29 консулгарии ифтихорӣ ва 4 шӯъбаи сафоратхонаҳо амал мекунанд.

Аз соли 2010 дар ин шаҳр консулгарии ифтихории Тоҷикистон низ ба раҳбарии Назар Мирзода, устоди Донишгоҳи давлатии Санкт - Петербург фаъолият дорад.

Назар Мирзода
Назар Мирзода

Назар Мирзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, консулгарии генералии Тоҷикистон дар Петербург бояд ҳанӯз дар соли 2015 боз мешуд, вале азбаски ифтитоҳи чунин ниҳоди дипломатӣ кори пурхарҷ аст, то ҳол вазорати молияи Тоҷикистон харҷи онро тасвиб накардааст.

Назар Мирзода мегӯяд, ба ин далел, замони фаъолияти консулгарии ифтихории Тоҷикистон дар Петербургро то соли 2020 тамдид кардаанд, вале дар сурати пайдо шудани маблағи лозим имкон дорад, ки ба ҷои консулгарии ифтихорӣ дар ин шаҳр консулгарии генералии Тоҷикистон рӯи кор биояд: “Албатта, барои мардум осонтар мешавад. Бахусус дар мавриди таҳияи аснод, ки як бахши асосии кори консулгариҳост. Вале аз лиҳози иқтисодӣ таъсиси консулгарии генералӣ барои буҷаи Тоҷикистон мушкилтар меуфтад.”

Танҳо дар шаҳри Петербург ва вилояти Ленинград, ба ҳисоби консулгарии ифтихории Тоҷикистон, 86 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ва то 4500 зодаи Тоҷикистон, ки алакай соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд, кору зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо дар сохтмонҳо, идораҳои коммуналӣ ва дар бозору амборҳои меваву сабзавоти ин шаҳр кор мекунанд.

Вале Назар Мирзода мегӯяд, ҷамъияти тоҷикони Петербургу вилояти Ленинград танҳо аз мардикорон иборат нест: “Мо 47 номзаду доктори илми ҳисобшуда дорем аз Тоҷикистон, ки инҷо фаъолият доранд.Тақрибан дар ҳар бемористони ин қаламрав ҳатман як ё ду табиби тоҷик кор мекунанд. Табиби тоҷике дорем дар вилояти Псков, ки як клиникаи бузурги хусусӣ таъсис додааст. Дар ин солҳо аз байни бачаҳои тоҷик чандин соҳибкори бақувват ҳам ба майдон омадааст.”

Феълан дар консулгарии ифтихории Тоҷикистон дар Петербург 6 нафар кор мекунанд. Назар Мирзода мегӯяд, аз ҷумла дар идораи онҳо як хаткашон (курер)-и вижа ҳаст, ки ҳар ҳафта як маротиба асноди ҷамъшуда дар консулгариро барои мӯҳр задан ва анҷоми расмиёти дигар ба сафорат ва консулгарии генералии Тоҷикистон ба Маскав мебарад.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав

Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия ба ҷустуҷӯи кор меоянд. То ним миллион нафар аз зодаҳои Тоҷикистон, бино ба ҳисобҳо, алакай шаҳрванди Русия шудаанд.

XS
SM
MD
LG