Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустам Иноятов дахлнопазир шуд


Рустам Иноятов
Рустам Иноятов

Раиси пешини Хадамоти амнияти миллии Узбекистон Рустам Иноятов бо фармони президент Шавкат Мирзиёев узви Сенат, палатаи болоии порлумони ин кишвар таъйин шуд.

Бар пояи қонунгузории Узбекистон, узви сенат аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархурдор буда, боздошт, ҳабс ё ба ҷавобгарии ҷиноиву маъмурӣ кашида намешавад.

Иноятов, ки 23 соли ахир ба Хадамоти амнияти миллӣ раҳбарӣ мекард, 31 январ узви Сенати ин кишвар таъйин шуд. Ӯ пештар, баъд аз барканор шуданаш аз мақоми раҳбарии хадамот мушовири президенти Узбекистон дар умури сиёсӣ ва ҳуқуқӣ таъйин гашт.

Рустам Иноятов соли соли 1995 зимоми ин ниҳоди нерумандро ба даст гирифт ва беш аз ду даҳсола аз шахсони наздики президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов буд.

Ҳомиёни ҳуқуқ Иноятовро ба он айбдор мекунанд, ки маҳз бо раҳбарии ӯ дар Узбекистон дигарандешон ва мухолифони режим таъқиб, шиканҷа ва зиндонӣ шудаанд.

Иноятовро дар мақоми раиси Хадамоти амнияти миллии Узбекистон Ихтиёр Абдуллоев иваз кард, ки то 31 январ доситони кулли кишвар буд.

XS
SM
MD
LG