Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон боз як ширкати аудитиро ҷазо дод


Бинои Бонки Миллии Тоҷикистон
Бинои Бонки Миллии Тоҷикистон

Бонки Миллии Тоҷикистон боз як ширкати дигари аудитиро барои “дуруғгӯӣ” ҷазо дод. Мақомоти Бонки Миллӣ гуфтанд, ки “Тоҷик Аудит Консалтинг” рӯзи 3-юми октябр аз рӯйхати аудиторҳо хориҷ карда шуд ва ширкат аз ҳаққи тафтиши созмонҳои қарздиҳии кишвар маҳрум аст.

Мақомот далели чунин тасмимро “бинобар пешниҳод кардани хулосаи аудитии носаҳеҳ, риоя накардани қисми талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки Миллӣ ва Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ” номиданд. “Аз тарафи дигар, таъмини суботи низоми бонкӣ ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон аст”, - гуфтанд дар Бонки Миллӣ.

Ду ҳафта қабл Бонки Миллии Тоҷикистон се ширкати аудитӣ (тафтишотӣ)-ро ба дуруғгӯӣ айбдор карда ва онҳоро аз ҳаққи кор дар кишвар маҳрум намуд. Масъулони хадамоти матбуоти Бонки Миллӣ рӯзи 20-уми сентябр гуфтанд, “Грант Торнтон”, “Ш. Адолат” ва “БМҶ Адолат” бинобар пешниҳоди "хулосаи нодуруст" аз рӯйхати ширкаткҳои аудитӣ хориҷ шудаанд.

Дар гузашта яке аз ҳамин ширкатҳо – "Грант Торнтон" – аз соли 2008 фаъолияти чанде аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон, аз ҷумла “Агроинвестбонк”, “Тоҷпромбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро тафтиш кард.

XS
SM
MD
LG