Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёдгузори "Amazon" дар сархати бойтарин амрикоиҳо ҷой гирифт


Ҷефф Безос - бунёдгузори "Аmazon"
Ҷефф Безос - бунёдгузори "Аmazon"

Бунёдгузор ва сарвари хадамоти тиҷорати электронии "Amazon" Ҷефф Безос дар раддабандии Forbes 400, дар байни 400 амрикоии сарватманд мақоми аввалро ишғол кард. Аз соли 1994 ин мақом ба бунёдгузори Micrasoft Билл Гетс таалуқ дошт.

Безос ҳамчунин бо дороии 160 миллиард доллар сарватмандтарин одами соли 2018 эътироф шуд. Дар таърихи раддабандии мазкур бори аввал аст, ки дороии яке аз иштирокдоронаш марзи 100 миллиардро убур кардааст.

Қаблан Bloomberg Безосро бойтарин одами дунё эътироф карда буд. Оҷонсӣ дороии ӯро 150 миллард доллар ҳисоб кард.

Худи "Amazon" бо сармояи беш аз 1 триллион доллар баъди Apple дар мақоми дуюм қарор дорад.

Бинобар раддабандии Forbes 400, сарвари Twitter Ҷек Дорсӣ дороиҳояшро то 186 дар сад афзун кардааст. Бадтарин натиҷаро Ҷррҷ Сорос нишон дод. Дороии ӯ аз 23 миллиард то 8 миллиард коҳиш ёфт.

XS
SM
MD
LG