Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон роҳро ба рӯи мошинҳои Тоҷикистон боз кардааст. САДО


Ронандагони мошинҳои боркаше, ки дар марзи Туркманистон дармондаанд, мегӯянд, мақомоти расмӣ марзи ин кишварро ба рӯи мошинҳои Тоҷикистон боз кардаанд. Дар чанд ширкати нақлиётӣ дар Тоҷикистон, ки ба боркашонии байналмилалӣ машғуланд, рӯзи 3-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар воқеъ мақомот ба онҳо гуфтанд, ки роҳ боз шудааст ва мошинҳои борбар вориди қаламрави Туркманистон мешаванд.

Як тоҷири тоҷик, ки ду мошинаш дар онҷо муддати тӯлонӣ банд мондааст, ба Радиои Озодӣ навишт, ронандагон бо ӯ тамос гирифтанд ва гуфтаанд, "як соат пеш роҳро боз карданд". Ба қавли ин тоҷир, онҳо ноумед шуда буданд ва мехостанд, санадҳоро дуруст карда, молҳоро аз "роҳи Озарбойҷон ба Тоҷикистон биёранд, вале хабари боз шудани роҳро шуниданд."

Муборакшо Холинов, раиси ширкати муштараки Тоҷикистону Эрон мавсум ба “Суперпласт плюс” ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба онҳо хабар додаанд, ки Туркманистон барои убури мошинҳои борбари Тоҷикистон аз марзаш иҷоза додааст.

“Вазорати нақлиёт гуфт, то рӯзи панҷшанбе интизор шавед ва пурра убур кардани хоки Туркманистон имконпазир хоҳад шуд” – гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ. Дар сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “онҳоро ҳоло дар ин бора дар ҷараён нагузоштаанд.”

Вазорати нақлиёт гуфт, то рӯзи панҷшанбе интизор шавед ва пурра убур кардани хоки Туркманистон имконпазир хоҳад шуд

Дар як ширкати нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе, ки ба боркашонии байналмилалӣ машғул аст, айни хабарро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки “Дар воқеъ мақомот ба мо хабар доданд, ки роҳ барои ҳамаи мошинҳо боз шудааст ва аз он Эрон мошинҳо вориди Тоҷикистон шуданд. Вале аз ин тараф ҳоло мошинҳо ба самти Туркманистон ҳаракат накардаанд.”

Яке аз ронандагони эронӣ, ки молҳои тоҷирони тоҷикро мекашад, рӯзи 3-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "марзбонон ва кормандони гумруки Туркманистон гуфтаанд, мошинҳои боркаши Тоҷикистон иҷоза доранд, аз Эрон вориди қаламрави кишвар шаванд ва роҳашонро идома диҳанд."

Туркманистон роҳро ба рӯи мошинҳои Тоҷикистон боз кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:07 0:00
Линки мустақим

Айни замон гузаргоҳи Сарахс боз шудааст, ки онҷо низ дар тарафи Эрон мошинҳои зиёд ва аз ҷумла автобусҳои наве дармонда буданд, ки Тоҷикистон аз Туркия харидааст.

Намояндаи яке аз ширкатҳои боркашонӣ дар шаҳри Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфт, бо яке аз ронандагоне, ки қаблан барои онҳо бор мекашид, суҳбат кардааст ва у низ гуфтааст, ки мошинҳо ба роҳ баромадаанд. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, ду мошини онҳо низ аз охири моҳи август дар Туркманистон дармондаанд.

Ҳоло маълум нест, ки мақомоти Туркманистон ба қаторҳои Тоҷикистон иҷозаи вуруд додаанд, ё не. Ашхобод дар баробари мошинҳо қаламрави худро ба рӯи қаторҳои борбари Тоҷикистон низ баста буд, аз ҷумла ба рӯи қаторҳои ширкати "Талко", ки аз хориҷ даҳҳо ҳазор тонна ашёи хом ворид мекунад ва даҳҳо ҳазор тонна алюминий ба хориҷ мефурӯшад.

Мақомоти Туркманистон аз охири моҳи август ба мошинҳои Тоҷикистон иҷоза надод, аз қаламрави Эрон вориди кишварашон шаванд. Гуруҳе аз ронандагони мошинҳои боркаш рӯзи 2-юми сентябр ба Радиои Озодӣ занг зада ва гуфтанд, ки дар марзи Туркманистон ва Эрон дармондаанд ва намедонанд, сабаби роҳ надодани онҳо ба қаламрави Туркманистон чӣ ҳаст.

Дар муддати бештар аз як моҳ низ мақомоти Ашхобод ҳеҷ шарҳи возеҳе дар бораи манъи вуруди мошинҳо ва қаторҳои Тоҷикистон ба қаламраваш надод. Дар Туркманистон, ки аз кишварҳои пӯшидатарин ҷаҳон ба ҳисоб меравад, гирифтани шарҳи расмӣ ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд.

Охири моҳи август ва аввали сентябр дар маҷмуъ танҳо дар гузаргоҳи Лутфобод-Ортиқ 100 мошин дармонда буд. Ин мошинҳо асосан молу маҳсулотро аз Туркияву Эрон меоранд ва аз хоки Эрон ба Туркманистон гузашта, сипас ба Тоҷикистон меоянд.

Агар шумо дар онҷо ҳастед ва воқеан шоҳиди боз шудани роҳи мошинҳои боркаши Тоҷикистон шудед, лутфан ба мо нависед, аз тариқи Вайбер, Вотсапп, Имо ва Телеграм ва ба ин рақам: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG