Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди ҳамсарони беникоҳи дипломатҳои ҳамҷинсгаро ба ИМА мамнуъ мешавад


Маъмурияти Доналд Трамп ироаи раводид ба шарикони беникоҳи дипломатҳо ва аъзои ҳайатҳои хориҷии СММ-ро қатъ кард. Дар ин бора USA Today рӯзи 2-юми октябр бо такя ба ёддошти хидматӣ, ки дар ситоди Созмони Милали Муттаҳид паҳн шуд, хабар дод.

Аз ин ба баъд мансабдорони ҳамҷинсгаро, ки мехоҳанд ҳамсафарҳои худро ба Амрико биёранд, қабл аз ин бояд бо онҳо издивоҷ кунанд.

Дипломатҳое, ки ҳоло бо шарикони ҳамҷинсгарои худ дар қаламрави ИМА зиндагӣ мекунанд, бояд то охири сол робитаи худро расмӣ кунанд. Дар акси ҳол шарикони беникоҳи онҳо бояд аз Амрико хориҷ шаванд. Қоидаҳои нав дар чаҳорчӯби қарори Додгоҳи олӣ дар мавриди қонунӣ шудани издивоҷи ҳамҷинсгароҳо амалӣ мешавад.

Мунаққидони ин қарор мегӯянд, талаботи нав ба қонуни кишварҳое муғойират мекунад, ки никоҳи ҳамҷинсгароёнро ҷурм мешуморанд.

Ин қарор камаш ба 10 корманди ситоди ИМА дар Созмони Милали Муттаҳаид таъсир мерасонад.

XS
SM
MD
LG