Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо эронӣ аз истеъмоли машруботи худсохт ҳалок шуданд


Соли 2009. Мақомоти эронӣ ба нобуд кардани машруботи худсохт омода мешаванд
Соли 2009. Мақомоти эронӣ ба нобуд кардани машруботи худсохт омода мешаванд

Вазорати беҳдошти Эрон гуфт, теъдоди онҳое, ки дар натиҷаи истеъмоли машруботи худсохт ва олуда ҳалок шуданд, ба 42 нафар расид. Эраҷ Ҳарирчӣ, сухангӯи вазорат рӯзи 1-уми октябр гуфт, дар се ҳафтаи гузашта 460 нафар аз панҷ вилоят баъди истеъмоли ликёри олуда дар шифохонаҳо бистарӣ шуданд. Ба гуфтаи Ҳарирчӣ 16 нафари онҳо кӯр шудаанд. Муҳаммад Содиқ Акбарӣ сардори пулиси вилояти Ҳурмузгон гуфт, то кунун 7 нафар бо иттиҳоми тавлиду фурӯши машруботи олуда дастгир шудаанд.

марде барои истеъмоли машрубот ба шаллоқ маҳкум шуд
марде барои истеъмоли машрубот ба шаллоқ маҳкум шуд

Дар Эрон аз соли 1979 истеъмоли машрубот мамнӯъ аст ва барои он аз ҷумла хӯрдани арақ ё ҷарима мекунанд ва ё шаллоқ мезананд. Бо вуҷуди ин бисёре аз эрониҳо аз бозори сиёҳ машруботи хориҷӣ ва ё худсохт мехаранд ва истеъмол мекунанд. Дар гузашта низ даҳҳо нафар баъди истеъмоли шароби олуда ҳалокт шудаанд.

XS
SM
MD
LG