Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД Узбекистон латтукӯби майори милисаро шарҳ дод. ВИДЕО


Вазорати корҳои дохилии Узбекистон видеои латтукӯби як корманди масти пулисро дар шаҳри Олмалики вилояти Тошканд шарҳ дод. Бахши Узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 1 октябр бо такя ба иттилоияи ВКД Узбекистон навишт:

"22 июн, тахминан соатҳои 23:00 дар кӯчаи Примкулови Олмалик шаҳрвандон Дониёр Эргашев, Уткирбек Кушнаев ва Санжар Эргашев ҷанҷол карданд. Онҳо қоидаҳои рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятиро вайрон карда, доду фарёд мезаданд. Дар натиҷа, як сокини маҳаллӣ ба хотири танзими вазъ майори милиса Даврон Раҳмоновро даъват мекунад, ки он шаб баъд аз кор дар хона истироҳат дошт".

Ба маълумоти вазорат, Раҳмонов ба маҳалли ҳодиса омада, аз авбошон талаб кардааст, ки тартиботи ҷамъиятиро нақз накунанд. Вале онҳо ба ӯ муқобилат нишон дода, корманди пулисро латтукӯб карданд. Авбошон ҳамчунин ҳодисаро ба навор гирифта, шарҳ низ илова карданд, ки гӯиё Раҳмонов маст аст ва ин видео дертар дар интернет нашр шуд.

Майори пулисро дар канораҳои Тошканд латтукӯб карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00

"Тахминан худи ҳамон соат барои кумак ба Раҳмонов корманди дигари шуъбаи пулиси Олмалик лейтенант Пулод Валиев ба маҳалли ҳодиса ҳозир мешавад. Дар асл, дар наздикии ҷойи ҳодиса ягон тарабхона набуд ва кормандони пулис низ маст набуданд", - афзудааст вазорат.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ ахиран видеоеро нашр кард, ки нишон медиҳад, марде дар назди тарабхонаи шаҳри Олмалик як корманди пулисро латтукӯб карда, рутбаҳояшро меканад. Дертар маълум шуд, ин ҳодиса моҳи июн рух дода, марди латтукӯбшуда корманди Шуъбаи пулиси Олмалик аст.

Ба гуфтаи яке аз шоҳидон,ҷанҷол миёни сокинони маҳаллӣ ва корманди пулис бо айби майор сар задааст. "Ду корманди пулис бо духтарҳо дар тарабхона менишастанд. Сипас ногаҳон яке аз онҳо аз ҷои худ баланд шуда, ба ҷавоне ҳамла мекунад, ки дар мизи ҳамсоя менишаст. Ҷавон низ ба таҳқирҳои маъмури пулис ҷавоб дод ва муштариён ҳама аз ӯ ҳимоят карданд. Видео дар кӯча сабт шудааст. Дар он охирин лаҳзаҳои ҳодиса омадааст", - афзуд ҳамсуҳбати мо.​

XS
SM
MD
LG