Таронасаро ва оҳангсози фаронсавӣ Шарл Азнавур дар 94-солагӣ даргузашт. Дар ин бора "Франс-Пресс" бо такя ба сухангӯи овозхон хабар дод.
Овозхон дар маҳалли зисташ, ҷанубу ғарби Фаронса, аз олам чашм пӯшид.
Шарл Азнавур дар хонаводаи арманиҳои Гурҷистон дар Порис таваллуд шуда буд. Падари ӯ аз империяи Русия муҳоҷират кард ва модараш дар замони кушторҳои оммавии арманиҳо аз дасти империяи Усмонӣ ҷон ба саломат бурд.
Шарл Азнавур аз хурдӣ дар саҳна буд ва соли 1914 дар филм нақш офарид. Соли 1946 оҳангсоз дар сафари ҳунарии Эдит Пиаф ба Амрико иштирок кард ва соли 1950 аввалин таронаашро рӯи навор овард.
Дар тӯли фаъолияти ҳунариаш Азнавур беш аз ҳазор тарона навишт, ки онҳоро овозхонҳое мисли Эдит Пиаф, Фрэнк Синатра, Боб Дилан, Лайза Минелли, Хулио Иглесиас ва дигарон суруданд. Соли 1998 оҳангсоз дар сабқати онлайнӣ, таҳти унвони "Ҳунарманди қарн", ки нашрияи Times баргузор кард, пирӯз шуд. Ӯ дар ин сабқат аз Элвис Пресли ва Боб Дилан пеш гузашт.
Азнавур ба рӯйхати машҳуртарин арманиҳои дунё шомил буд ва соли 2008 сафири Арманистон дар Шведсария ва намояндаи доимии кишвар дар СММ интихоб шуд.