Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шаҳрванди Узбекистон дар Варзоб


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Варзоб як шаҳрванди Узбекистон ҳалок шудааст ва як ҳамроҳи ӯ ҷароҳат бардоштааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 29-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки ҳодиса рӯзи 28-уми сентябр дар қаламрави деҳаи Работ рух додааст.

Ба гуфтаи вазорат, ронандаи 44 солаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Алӣ Саидов ҳангоми ҳаракат аз самти Душанбе ба самти Варзоб, аз “уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Қурбоналӣ Пирматов бархӯрдааст.

Дар натиҷа Юлдош Сафаров, мусофири автомашинаи “Опел-Астра”, сокини деҳаи Наврӯзи Ӯзбекистон, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофири дигари он Ҳайдар Хушвахтов сокини деҳаи мазкур ҷароҳат бардоштааст ва айни ҳол дар шифохона муолиҷа мегирад. Ҳарду шаҳрванди Узбекистон 41 сол доштаанд. Мақомот сабабҳои садамаро таҳқиқ мекунанд.

XS
SM
MD
LG