Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Amnesty: Олмон бояд аз таъқибшудаҳои Туркия пуштибонӣ кунад


Олмон: Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар дохили мошин.
27 сентябри 2018
Олмон: Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар дохили мошин. 27 сентябри 2018

Созмони Афви Байналмилалӣ аз мақомоти Олмон даъват кард, ки дар мулоқот бо раҳбари Туркия масъалаи ҳуқуқи инсон ва маҳбусони бегуноҳи Раҷаб Таййиб Эрдуғонро баррасӣ кунад.

Раҳбари кулли бахши олмонии Созмони Афви Байналмилалӣ Маркус Беко ба радиои "Мавҷи Олмон" гуфт, ки Берлин бояд дар ҳузури Эрдуғон аз нафароне, ки Туркия қасдан боздошт кардааст, пуштибонӣ кунад.

Ба гуфтаи ӯ, Анкара наметавонад ба равобити хуб бо ҷомеаи ҷаҳонӣ умед бубандад, дар ҳоле ки ба Конвенсияи ҳуқуқи башари Аврупо эҳтиром намегузорад.

Ҳомии ҳуқуқ аз 150 хабарнигори маҳбус ва баста шудани садҳо созмони ғайридавлатӣ ёдовар шуданд. Ҳамаи онҳо, ба гуфтаи ӯ, қурбонии вокуниши ҳукумат ба табаддулоти нокоми соли 2016 шуданд.

Аммо Эрдуғон, ки бо сафари корӣ дар Берлин омадааст, аз мақомоти ин кишвар даъват кард, аз "ҷанги тиҷоратӣ"-и Вашингтон пешгирӣ кунад. Президенти Туркия қаблан аз Олмон дархост карда буд, ки тарафдорони рӯҳонии шинохтаи турк Фатҳулло Гюленро "террорист" эътироф кунад. Эрдуғон ин рӯҳониро, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад, барномарези табаддулоти давлатӣ эълон кардааст.

Аввали моҳи сентябр маълум шуд, ки Туркия коргардони филми "Бедорӣ" дар бораи куштори Раҷаб Таййиб Эрдуғонро ба шаш соли зиндон маҳкум кард. Сужаи филм ба нооромиҳои соли 2016 бахшида шудааст. Гурӯҳи низомиёни Туркия хостанд, бо ташкили табаддулот муассисаҳои муҳимро дар Анкара ва Истанбул таҳти назорат бигиранд.

Аммо Эрдуғон тавонист қудратро нигаҳ дорад. 50 ҳазор нафар дар робита ба табаддулот боздошт шуд ва 150 ҳазор нафар, хидматчиёни давлатӣ, бо шумули додрасҳо, сарбозон ва муаллимон муваққатан аз мақомҳояшон барканор шуданд.

XS
SM
MD
LG