Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон обу намак, барқ ва газ пулакӣ мешавад


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Ҳукумати Туркманистон аз 1 январи соли 2019 имтиёзҳои иҷтимоӣ, аз қабили обу намак, газ ва барқи ройгонро барҳам медиҳад.

Президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов қарори "Танзими таъмини сокинони Туркманистон бо обу намак, газ ва барқ"-ро имзо кард.

Дар қарор омадааст, ки аз 1 январи соли равон "сокинони Туркманистон бо об, намак, газу барқ пулакӣ ва бо нархҳои имтиёзнок таъмин карда шаванд".

Бердимуҳаммадов 25 сентябр дар ҷаласаи Шӯрои мардумӣ гуфт, дар давраҳои мушкил барои сокинони ин кишвар имтиёзҳои истифодаи ройгони об, барқ, газ ва намак пешбинӣ шуда, нархи тарофаҳои хадамоти коммуналинӣ поин бурда шуда буданд.

Об, намак, барқ ва газро барои сокинони Туркманистон президенти нахустини ин кишвар Сафармурод Ниёзов соли 1992 ройгон карда буд. Ҳукумати Туркманистон дар аввал ин имтиёзро барои даҳ сол ҷорӣ кард, вале дертар муҳлати он то соли 2030 тамдид карда шуд.

XS
SM
MD
LG