Бо фармони президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёв ширкатҳои фароҳамкунандаи интернетии ин кишвар то 1 январи соли 2020 ба шабакаҳои байналмилалии мухобиротӣ дастрасии бевосита ва озод пайдо хоҳанд кард.
Фармони Мирзиёев, ки рӯзи 22 сентябр нашр шуд, яке аз бандҳои "Харитаи роҳ"-и иҷрои Стратегияи рушди инноватсионии Узбекистон барои солҳои 2019-2021" аст.
Ширкатҳои фароҳамкунандаи интернетии Узбекистон дар ҳоли ҳозир, интернетро аз "Узбектелеком" дастрас мекунанд, ки дастрасӣ ба баъзе аз сомонаҳоро маҳдуд ва як қатор сензураҳо ҷорӣ мекунад.
Ҳамчунин дар пайи иҷрои фармони мазкур коҳиши арзиши интернет низ барои истифодабарандагон дар назар аст.
Дар санад зикр шудааст, ки Узбекистон тасмим дорад, то соли 2021 ҳаҷми хидматрасонии содиротии худро дар бахши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ то ба 4%-и ҳаҷми умумӣ бирасонад".