Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Туркманистон беш аз 1700 маҳкумшударо афв кард


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Ҳукумати Туркманистон беш аз 1 ҳазору 700 нафарро афв ва зиёда аз 740 касро ба шаҳрвандӣ қабул кард. Дар ин бора 24 сентябр дар ҷаласаи васеи девони вазирони ин кишвар ба раҳбарии президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов хабар дода шуд.

Ҷаласаи васеи девони вазирон дар рӯзи оғози нахустин ҷаласаи Маҷлиси халқӣ баргузор шуд, ки бо сабабҳои номаълум ва бидуни шарҳ ба таъхир гузошта шуда буд.

Ҳамчунин шаби душанбе телевизионҳои давлатии Туркманистон аз рафти ҷаласаи девони вазирон гузориш доданд, ки дар он аз афви 1 ҳазору 722 нафар хабар дода шуд. Президент Бердимуҳаммадов фармони ба шаҳрвандӣ қабул кардани 740 касро низ имзо кардааст.

Бо вуҷуди он ки 24 сентябр кори Маҷлиси халқӣ шуруъ нашуд, тадобири амниятӣ дар шаҳри Ишқобод тамоми рӯз пурзӯр буд. Тамоми кӯчаву хиёбонҳои марказии пойтахти Туркманистон аз субҳ баста буданд.

Дар варзишгоҳи олимпии Ишқобод омодагиҳо ба ҷашни Рӯзи истиқлоли Туркманистон идома доранд. Қарор аст, ҷашн имсол на 27 октябр балки 27 сентябр таҷлил шавад.

XS
SM
MD
LG