Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як зани дигар додгустар Каваноро ба бадахлоқӣ муттаҳам кард


Эътирози зидди номзади пешниҳодии Трамп ба Додгоҳи Олӣ
Эътирози зидди номзади пешниҳодии Трамп ба Додгоҳи Олӣ

Боз як зани дигар номзади пешниҳодкардаи президент Доналд Трамп ба мақоми додраси Додгоҳи олӣ Бретт Каваноро ба бадахлоқӣ муттаҳам кард.

Ин дар ҳоле буд, ки даъвогари аввал Кристин Форд розӣ шуд дар кумитаи Сенат ба суолҳо посух бигӯяд. Форд мегӯяд, ки Бретт Кавано 30 соли пеш, вақте ҳарду дар синфҳои болоӣ таҳсил мекарданд, нисбат ба ӯ бадахлоқӣ кард.

Матбуоти Амрико ҳамчунин рӯзи 23-юми сентябр аз як мавриди дигар хабар дод. Нашрияи The New York Times навишт, Дебора Рамирес, як зани 53-сола Каваноро ба ин муттаҳам кард, ки соли 1980 дар шабнишинии донишгоҳи Йел бе хоҳиши ӯ ба ҷойи маҳрамонаи баданаш даст задааст.

Кавано ин иттиҳомро дарҳол такзиб кард.

Баъзе демократҳо даъват доранд, ки тасдиқи номзадии Кавоно то бозҷӯӣ шудани даъвоҳои бадахлоқии ӯ мутаваққиф шавад.

Додгустарҳои Додгоҳи олӣ баъди тасдиқи номзадиашон дар Сенат барои як умр дар ин ниҳоди муҳим фаъолият мекунанд. Демократҳо аз ин нигаронанд, ки агар номзадии Кавано тасдиқ шавад, Додгоҳи олӣ дар дар бисёр ҳолат муҳофизакор мешавад.

XS
SM
MD
LG