Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳамшираи шафқатро дар Душанбе бо қайчӣ маҷруҳ карданд


Як сокини шаҳри Душанбе барои бо қайчӣ маҷруҳ кардани ҳамсараш, ки ҳамшираи шафқат будааст, муттаҳам аст. Дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ҳодиса нимрӯзи 23-юми сентябр рух додааст.

Ба қавли манбаъ, ҳамшираи шафқати 21-сола ба мақомот аз он шикоят кардааст, ки шавҳараш баъд аз муноқиша дар утоқи кориаш ӯро бо қайчӣ ба дасташ зад.

Дар ВКД мегӯянд, ҳамшираи шафқат аз зарби қайчӣ ҷароҳат бардошта, тафтишот дар ин замина идома дорад.

Ҳамшираи шафқат якумин зане нест, ки аз бадрафтории шавҳар ба мақомот шикоят мекунад. Ду ҳафта қабл мақомоти Душанбе як мардро барои латту кӯби ҳамсар ба 7 рӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG