Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манфиати халқ ва манфиати мақомот дар ду паллаи тарозу. Кадоме вазнинтар?


Додситонии кулли Тоҷикистон амволи “Тоҷпромбонк”-ро аз ҳабс озод кард ва ин амвол тариқи музояда (тендер) ба фурӯш гузошта шуд. Ин бонк, ки 74 миллион сомонӣ аз мардум ва беш аз 100 миллион сомонӣ аз Вазорати молия ва Бонки миллӣ қарздор аст, муфлис эълон шудааст.

Ин пулро падару бародарам аз Русия фирстоданд ва ман ин ҷо амонат гузоштам, то баргарданд ва манзили зист бихарем. Ҳар вақте онҳо мепурсанд, ки пул чӣ шуд, дунё дар назарам торик мешавад.

Амволи ин бонк санаи 15-уми сентябр аз ҳабс озод шуд. Қаблан муштариҳои бонк Вазорати молияро, ки бо дастури он амволи бонк ҳабс шуда буд, ба додгоҳ кашиданд. Муштариён бовар доранд, ки ҳабси амвол ғайриқонунӣ буд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзи 21-уми сентябр ба баррасии арзи муштариён оғоз кард, вале бинобар ҳузур пайдо накардани мақомоти баландпояи вазорат баррасии онро мавқуф гузошт.

Беш аз 600 амонатгузори «Тоҷпромбонк» тайи як сол ба мақомоту ниҳодҳои гуногун арз карданд, ки ба маъмурияти муваққатии бонк иҷозаи фурӯши амволро диҳанд, то маблағҳояшонро бозпас гиранд. Аммо дар ҳоле ки баҳси муштариён дар додгоҳ баррасӣ мешавад, қарор шудааст, ки бо фурӯши амвол дар навбати аввал маблағи Вазорати молия ва Бонки миллӣ баргардонида шавад. Ваъда шудааст, ки амонатгузорон “дар навбати дуюм”, ки маълум нест, он кай мерасад мешавад, маблағи худро пас хоҳанд гирифт.

Феълан, ҳар рӯзи ҷумъа маъмурияти ин бонк, ки аз биноҳои манзили зист, мошин ва биноҳои маъмурӣ иборат аст, тариқи музояда ба фурӯш гузошта мешавад. Амволи ин бонк, ки ҳоло ба фурӯш гузошта шудааст, 500 миллион сомонӣ арзиш дорад.

Манфиати Бонки миллӣ аз манфиати Ватанов боло гузошта шуд

Ин тасмим, ки аввал бояд қарзи Вазорати молия ва Бонки миллӣ пардохт шавад, Исмоил Ватанов, сокини 29-солаи шаҳри Душанберо пас аз хушҳолии чандрӯза дубора ба ғам нишонд. Ӯ дар бонки муфлисшудаи “Тоҷпромбонк” 230 ҳазор сомонӣ маблағ дорад.

Исмоил Ватанов рӯзи 24-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои аз ҳабс озод кардани амвол ба тамоми ниҳодҳо мактуб карданд ва баҳсро то додгоҳ кашиданд. Дар ниҳоят амвол озод гашт, аммо боз ҳам манфиати онҳо дар ҷойи дувум гузошта шуд.

“Ин пулро падару бародарам аз Русия фирстоданд ва ман ин ҷо амонат гузоштам, то баргарданд ва манзили зист бихарем. Ҳар вақте онҳо мепурсанд, ки пул чӣ шуд, дунё дар назарам торик мешавад. Ҳозир боз касе парвои мо надорад ва аввал пули худро мегиранд. Маълум нест, ки пули моро кай пардохт мекунанд”, - гуфт Исмоил Ватанов.

Моҳи июни имсол Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон ба порлумон дастур дода буд, ки мухолифати қонунҳоро бар нафъи амонатгузорони бонкҳо бартараф кунад. Дар як тарафи тарозу банди 1-и моддаи 65-уми Кодекси гражданӣ ва дар паллаи дигар банди 1-и моддаи 35-уми қонун "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ" меистод. Қонуни аввал ба пардохти пули амонатдорон ва қонуни дувум ба бозгардони маблағи идораҳои давлатӣ авлавият медод.

Бо талоши мардум амволи "Тоҷпромбонк" аз ҳабс озод шуд, аммо боз ҳам аз фурӯши он нахуст пули идораҳои давлат бозгардонида мешавад.

250 ҳазор доллари Солеҳаморо надоданд

Бинои Бонки миллии Тоҷикистон
Бинои Бонки миллии Тоҷикистон

Дарди муштарак, яъне пас гирифта натавонистани маблағ аз бонк, беш аз 400 амонатгузорро бо ҳам муттаҳид кард ва барои ҳимоя аз манфиатҳои худ Шӯрои амонатдорони “Тоҷпромбонк” таъсис доданд. Солеҳамо Самадова, раҳбари шӯрои амонатдорони “Тоҷпромбонк”, ки 250 ҳазор доллар пулаш дар он дармондаанст, рӯзи 24-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмим, ки аввал пули давлат дода шавад, ноумедии муштариёнро бештар кард.

“Ҳар амволе фурӯхта мешавад, тин ба тин Бонки миллӣ ва Вазорати молия мегиранд. Ман як тине надорам, ки худамро табобат кунам. Ҳоло дар бистари бемориам. Пеши роҳи се нафарро гирифтем, ки худкушӣ накунад. Чанд нафар ба ҷиноят даст заданӣ шуданд, ки пеши роҳашонро гирифтем. Косаи сабрамон ҳам лабрез шудааст”, - гуфт Солеҳамо Самадова.

Ҳоло муштариёни бонк дубора ба додгоҳ муроҷиат кардаанд, то ба ин тасмим, ки аввал пули давлат баргардонида мешавад, баҳои қонунӣ бидиҳад.

Бояд, пеш аз ҳама, пули мардумро диҳанд. Агар ба мардум пулашонро бидиҳанд, он гардиш мехӯрад ва зиндагии даҳҳо нафар беҳтар мешавад

“Пули Бонки миллӣ низ пули мардум аст”

Муштариён мегӯянд, бо ин амал манфиати давлат аз манфиати мардум боло гузошта шуд. Аммо як мақоми Вазорати молия бе зикри номаш дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, пуле, ки онҳо талоши баргардонидан доранд, он ҳам аз мардуми оддӣ ҳаст.

"Бояд каҷфаҳмӣ нашавад. Пули Бонки миллӣ ва Вазорати молия ҳам пули мардум аст”, - гуфт ин мақоми Вазорати молия.

Тақдир Шарипов, раҳбари муввақатии “Тоҷпромбонк”, дар суҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, “пули мардум низ ҳатман баргардонда мешавад”. Ин масъули бонк гуфт, аз замони сари кор омадани маъмурияти муваққатӣ миқдоре аз амонати сокинон баргардонида шуд.

Чаро манфиати мардум боло гузошта намешавад?

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Тайи ду соли охир чаҳор бонки кишвар ба мушкил дучор шуда ва пардохтпазирии худро аз даст додаанд. Дар баҳси амонатгузорон бо бонкҳо бештар манфиати давлат дар ҷойи аввал гузошта шуд. Ду соли пеш ҳукумат барои наҷоти ду бонк - “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” беш аз 3 миллиард сомонӣ кумак кард, вале аксарияти ин маблағ барои пардохти андоз ва дигар ӯҳдадориҳои бонк дар назди давлат сарф шуд. Дар натиҷа мардум бо ҳам амонатҳои худро гирифта натавонистанд.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик, гуфт, мақомоти давлатӣ аз духӯрагии қонунҳо ба манфиати худ истифода карданд. “Мухолифатҳои қонун вуҷуд дорад. Дар натиҷа мақомоти давлатӣ бо истифода аз усулҳои дугона кӯшиш мекунанд, меъёреро, ки ба манфиаташон ҳаст, истифода кунанд. Порлумони Тоҷикистон, ки тақрибан аз намояндагони як ҳизб ҳаст, ба мазмуну моҳияти қонунҳо низ таъсир расонидаанд”, - гуфт ӯ.

Ин ҳуқуқшиноси тоҷик гуфт, чунин шеваи бархӯрд бо сокинон норозигиро ба миён меорад, ки “ба пояҳои давлатдорӣ хатар дорад”.

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумони Тоҷикистон, низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, манфиати мардумро дар ҷойи дуюм гузоштан хилофи сиёсатҳои пуливу молии давлат аст. Ӯ гуфт: “Давлати мо демократӣ ҳаст. Сиёсати раҳбари давлат мардумсолорист. Ҳамон чаҳор миллиард сомонӣ ҳам ба хотири мардум ҷудо шуда буд. Ба он хотир, ки мардум аз сиёсати пуливу молии давлат норозӣ набошанд. Лекин ин маблағ баръакси хостаҳои раҳбари давлат сарф шуд. Пули мардумро бояд аввал диҳанд. Агар ба мардум пулашонро аввал бидиҳанд, он гардиш мехӯрад ва зиндагии даҳҳо нафар беҳтар мешавад.”

Ҳанӯз додгоҳ хулоса накардааст, ки ҳабси амволи «Тоҷпромбонк» қонунӣ буд ё на, вале фурӯши он аллакай оғоз шудааст.

Муштариён мегӯянд, ҳадафашон танҳо бозпас гирифтани пасандозҳояшон ҳаст, ки ба умеди фоидаи бештар ба ин бонк гузошта буданд. Ҷамъи амволи «Тоҷпромбонк» бинобар арзёбии маъмурияти муваққат 500 миллион сомонӣ арзиш дорад. Ин маблағ барои бозгардони қарзи идораҳои давлатӣ ва ҳам муштариён кофист. Аммо як суоли бепосухмондаи муштариён ин аст, ки оё бо ин нарх амволи бонки касодшуда харидоре пайдо мекунад ва онҳо билохира кай метавонанд амонаташонро пас бигиранд?

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG