Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи 21-уми сентябр бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот кардааст.
Вазорат рӯзи 22-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод, ки ду тараф дар ҳошияи Иҷлоси 73-юми Маҷмаи Умумии СММ гуфтугӯ кардаанд.
Вазир аз дабири кулли Созмони Милал ҷиҳати пуштибонии ӯ аз ташаббусҳои “ҷаҳонии Тоҷикистон” изҳори сипос кардааст. “Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва СММ, аз ҷумла дар соҳаҳои амниятӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, ҳамкориҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.”