Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даниэл Розенблюм - сафири нави ИМА дар Узбекистон


Сенати ИМА номзадии Даниэл Розенблюмро ба мақоми сафири ИМА дар Узбекистон тасдиқ кард. Бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 20 сентябр навишт, ки овоздиҳӣ дар Сенат рӯзи 18 сентябр ҷараён гирифт.

Розенблюм аз ин пеш дар мақоми муовини ёвари Котиби давлатии ИМА дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ кор кардааст. Пеш аз Розенблюм дар мақоми сафири ИМА дар Тошканд Памела Спратлен кор кардааст, ки аз соли 2015 ин масъулиятро ба ӯҳда дошт. Дар бораи пешбарӣ шудани Розенблюм ба мақоми сафири Амрико дар Узбекистон 29 июн хабар доданд.

Ӯро як дипломати собиқадор ва донандаи шароити сиёсиву иҷтимоӣ дар Узбекистон меноманд. Ӯ чандин бор ба минтақа, аз ҷумла ба Тоҷикистон сафар кардааст.

Айни замон, номзад ба мақоми сафири ИМА барои Тоҷикистон - Ҷон Марк Поммершейм, интизори мувофиқати Сенат мебошад. Номзадии ӯро ба ин мақом оғози сентябр Доналд Трамп, президенти Амрико пешбарӣ кард. Ҷон Поммершайм то миёнаҳои моҳи август дар мақоми муовини сафири Амрико дар Қазоқистон кор кардааст.

XS
SM
MD
LG