Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Тоҷикистон: Хабари даргузашти зани туркман дар навбати виза ҳақиқат надорад


Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон хабари гӯё дар навбати визаи тоҷикӣ даргузаштани як зани туркманро рад карда ва бепояву асос номид. Дар як изҳороти матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Ашқобод, ки ахиран нашр шуд, намояндагии дипломатӣ ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ додааст.

Дар матни изҳорот гуфта мешавад, рӯзи 17 август, на 21 август, зане ҳамроҳ бо писараш Отамурод дар навбати гирифтани визаи донишҷӯии писараш дар назди шӯъбаи консулгарии сафорати Тоҷикистон қарор дошт. Дар лаҳзаҳои навбатпоӣ аҳволи ин зан ногаҳон бад шуд ва барояш ёрии таъҷилиро даъват карданд. Сафорат менависад, ки табибон ба ин зан кӯмаки саривақтии тиббӣ расониданд ва вазъи саломатиаш мӯътадил шуд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Отамурод ҳам баъдан тасдиқ кард, ки вазъи саломатии модараш хуб аст ва дар хонааш дар ноҳияи Керкии вилояти Лубоб қарор дорад.

Дар идома, дар изҳороти сафорати Тоҷикистон дар Ашқобод гуфта мешавад, ки бо вуҷуди мушкили техникӣ дар таҳияи визаҳои электронии шаҳрвандони Туркманистон, талош ба харҷ медиҳад, ки ин ҷараён мувофиқ ба муқаррарот анҷом шавад.

XS
SM
MD
LG