Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳолии Русия дар ним сол ҳудуди 100 ҳазор кам шудааст


Аҳолии Русия дар ҳафт моҳ, аз моҳи январ то моҳи июли соли равон 91 ҳазору 900 одам кам шудааст. Дар ин бора дар варақаи Росстат ё худ Хадамоти омори давлатии Русия "Дар бораи вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ" гуфта мешавад.

Бидуни ҳисоби афзоиши муҳоҷират шумори аҳолии ин кишвар 170 ҳазору 500 нафар коҳиш ёфтааст.

Ба ҷуз ин, дар ҳафт моҳи соли 2018 нишондодҳои таваллуд низ поин рафтааст. Он то 10, 9 ҳолат бар сари 1000 одам кам шудааст. Дар ҳамин давраи соли 2017 нишондоди таваллуд 11,4-ро ташкил медод.

Росстата мегӯяд, агар дар нимсолаи дувум низ ҳамин раванд идома ёбад, пас соли 2018 баъд аз соли 2009 нахустин соле хоҳад буд, ки дар он шумори аҳолии Русия то ба ин ҳад коҳиш меёбад.

XS
SM
MD
LG