Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллиардҳои Русия ва кишварҳои Шӯравии собиқ дар Danke Bank


Danske Bank - бузургтарин бонки Денмарк
Danske Bank - бузургтарин бонки Денмарк

Дар пасманзари ҷанҷоли шустушӯи пул тавассути шохаи Danke Bank дар Эстония, мудири кулли бузургтарин бонки Денмарк истеъфо медиҳад.

Ҳоло Danke Bank​ гузоришеро барои пахш омода кардааст ва мегӯяд, ин санад гардиши миллиардҳо еврои Русия ва кишварҳои Шӯравии собиқро, ки ба воситаи шохаи ин бонк дар Эстония гузаштаанд, ошкор мекунад.

Интизор меравад, Danke Bank рӯзи 19-уми сентябр нуктаҳои муҳими мушкилоти пулшӯӣ ва нокомии танзимгарони Аврпуо дар пешгирӣ аз он, махсусан дар кишварҳои назди Балтикро ошкор мекунад.

Гузоришҳои ахири матуботӣ мегӯянд, ки то 150 миллиард доллар тавассути шохаи Danke Bank дар Естония гузаштааст.

Аввалҳои моҳи равон The Wall Street Journal гузориш дод, ки мақомоти Амрико низ шустушӯи пул тавассути Danke Bank-ро бозҷӯӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG