Дар ноҳияи Шараф-Рашидови вилояти Ҷизахи Узбекистон 16 сентябр муовини додситони ноҳия ҳангоми пойга бо рафиқонаш духтари 25-солаеро, ки дар канори роҳ буд, пахш кард. Ба гуфтаи шоҳидон, духтар дар маҳалли ҳодиса ҷон дод.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия садамаи маргбор бо иштироки муовини додситони ноҳияро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, хабарҳо дар бораи пойгаи марговари корманди додситонӣ ҳақиқат надорад.
"16 сентябр муовини додситони ноҳияи Арнай бо мошини Nexia дар кӯчаи "Пахтакор" пойга карда, духтари 25-солаеро пахш мекунад. Духтар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, муовини додситон феълан дар беморхона аст", - гуфт як сокини Ҷизах.
Вале мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фарзияи дигареро пешниҳод мекунанд. "16 сентябр дар роҳи мошингарди Пахтакор-Ҷизах мошини DaimlerBenz 210 СПГ мошини таҳти идораи муовини додситон Дилшод Каримовро гузашта, якбора истод, дар натиҷа Каримов идораи нақлиётро аз даст дод ва шаҳрванд Г. Эгамбердиеваро пахш кардд", - гуфт як корманди пулиси маҳаллӣ.
Дилшод Каримов 28 сол дошта, мошине, ки ӯ идора мекард, ба падараш тааллуқ дорад. Дар натиҷаи садама сари муовини додситон низ осеб дид ва беморхона қарор дорад. Яке аз табибон гуфт, "Каримов аллакай ба ҳуш омадааст ва метавонад сӯҳбат кунад".